ШАҲРАМОНРО ТОЗА НИГОҲ МЕДОРЕМ! Дар кӯчаҳои Айнӣ ва Дониши пойтахт 150 қуттии партов насб гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- аз ҳудуди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон то Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 150 қуттии хурд барои партов насб карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин иқдом бозгӯи он аст, ки таваҷҷуҳи сохторҳои марбута ба беҳсозию солимгардонии муҳити зист равона гашта, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳли ҷомеа дар мадди назар қарор дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими сабзазоркунии соли 2021 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.


Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонӣ ва беҳдошти шароити пойтахт корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳоло зарур аст, ки тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт ин иқдомро дастгирӣ намуда, ташаббус ва саҳми худро дар тоза нигоҳ доштани пойтахти кишвар гузоранд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии пойтахт саҳми мушаххас мегузорад. Бо ин мақсад кумита тасмим гирифтааст, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагиро мувофиқи имконият роҳандозӣ намояд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






