ШАҲРАМОНРО ТОЗА НИГОҲ МЕДОРЕМ! Дар кӯчаҳои Айнӣ ва Дониши пойтахт 150 қуттии партов насб гардид

Февраль 15, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- аз ҳудуди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон то Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 150 қуттии хурд барои партов насб карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Ин иқдом бозгӯи он аст, ки таваҷҷуҳи сохторҳои марбута ба беҳсозию солимгардонии муҳити зист равона гашта, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии аҳли ҷомеа дар мадди назар қарор дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими сабзазоркунии соли 2021 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.


Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонӣ ва беҳдошти шароити пойтахт корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳоло зарур аст, ки тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт ин иқдомро дастгирӣ намуда, ташаббус ва саҳми худро дар тоза нигоҳ доштани пойтахти кишвар гузоранд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии пойтахт саҳми мушаххас мегузорад. Бо ин мақсад кумита тасмим гирифтааст, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагиро мувофиқи имконият роҳандозӣ намояд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 15, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд