Шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ чӣ кафолати иҷтимоӣ доранд? Посухи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандоне, ки ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳолат ба онҳо тибқи барномаҳои махсус кумакпулиҳо пардохт карда мешаванд.
Аслан ин гуна маблағҳо барои давраи бекорӣ ба шаҳрвандон бинобар ихтисор шудани ҷойи кор, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхонаҳо пардохт карда мешаванд.
Дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ Ховар дар мавриди он ки кумакпулӣ ба кадом табақаи аҳолӣ дода шуда, ҳаҷми он чӣ миқдор аст, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:
«Пардохти кумакпулӣ мувофиқи музди миёнаи меҳнати шаҳрвандони бекор дар ҷойи кори охирин зимни аз ташкилот озод шуданашон, инчунин ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷиноӣ ва табобати маҷбурӣ озод шудаанд, пешбинӣ гардидааст. Кумакпулӣ барои давраи бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақалли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад».
Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Бобохон Баротзода иброз дошт, ки соли 2021 21 ҳазор шаҳрвандон ба таври ройгон ба касб фаро гирифта шуда, ҳар моҳ ба онҳо 40 сомонӣ идрорпулӣ дода шуд.
Барои пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби Вазорати молияи ҷумҳурӣ 8 миллион сомонӣ ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбии маҷбурӣ озод мешаванд, то се моҳ 1200 сомонӣ дода мешавад. Барои корҳои ҷамъиятӣ дар 1 моҳ аз тарафи агентӣ 200 сомонӣ ва аз тарафи корфармо 250 сомонӣ дода мешавад.
Инчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки сатҳи бекорӣ дар ВМКБ 6%, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 2,9%, вилояти Суғд 1,9% ва дар вилояти Хатлон 2%-ро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






