Шавкат Бобозода: Соли 2021 Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор тонна ангишт содирот кард
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 33,8 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 607,4 ҳазор доллар ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва Қазоқистон содирот шудааст. Ангишт ба ин давлатҳо нисбат ба соли 2020 10 маротиба зиёдтар содирот шудааст, зеро соли 2020 ҳамагӣ 3 ҳазор тонна ангишт содирот шуда буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ибрози назар намуд.
Директори Агентӣ афзуд, ки дар ин давра аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 2149,6 млн доллар маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва 109 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Соли гузашта ба маблағи 2 млрд 17 млн доллар маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли пешин 686,1 млн доллар зиёд мебошад. Содироти маҳсулоти саноатӣ соли 2021 асосан аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо, маъдану консентратҳо, алюминийи аввалия, нахи пахта, семент, риштаи пахтагӣ ва сурма мебошад.
«Дар соҳа маҳсулоти нав- обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикани «Сиёма» ба маблағи 130 ҳазор доллар ба Аморати Араб, Узбекистон ва Афғонистон содирот гардид. Инчунин якчанд намунаҳои маҳсулоти «Сиёма» дар Намоишгоҳи Дубай-EXPO ба намоиш гузошта шуд, ки барои содирот ба ин давлат мусоидат менамояд. Ҳамзамон корхонаи истеҳсолкунандаи оби маъдании «Файзобод» нақша дорад, ки имсол маҳсулоти худро ба хориҷи мамлакат содирот намояд»,-афзуд Шавкат Бобозода.
Дар нишаст зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул гардидааст. Барномаи мазкур бо мақсади рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, кам намудани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи суғуртаи қарзҳои содиротӣ, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва сертификатсия таҳия шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






