СММ ОИД БА ҲАҶМИ АФЗОИШИ РЕКОРДИИ САВДОИ ҶАҲОНӢ ДАР СОЛИ 2021 ГУЗОРИШ ДОД. Муомилоти савдои берунии Тоҷикистон қариб 40 фоиз афзуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ дар соли 2021 ба сатҳи баланди рекордии 28,5 триллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 25% ва нисбат ба соли 2019 13% зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар гузориши нави Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD), ки 17 феврал дар Женева нашр шуд, омадааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи UNCTAD хабар медиҳад.
«Дар маҷмӯъ, ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ соли 2021 ба ҳадди рекордии тақрибан 28,5 триллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 тақрибан 25% ва афзоиши тақрибан 13% дар муқоиса бо пеш аз пандемия-соли 2019 аст», — омадааст дар гузориш. Тибқи пешбинии ЮНКТАД, дар семоҳаи аввали соли 2022 суръати афзоиши тиҷорат «суст» мешавад, аз ин рӯ, интизор меравад, ки ҳаҷми тиҷорат «ба сатҳи семоҳаи чоруми соли 2021 шабеҳ бошад».
«Тамоюли мусбат дар тиҷорати байналмилалӣ» ба гуфтаи коршиносон, соли гузашта асосан аз ҳисоби «афзоиши нархи мол, сабук кардани маҳдудияти марбут ба пандемия ва эҳёи қавии талабот ба шарофати бастаҳои ҳавасмандкунии иқтисодӣ» вобаста буд. Соли равон ЮНКТАД бар ин назар аст, ки як қатор омилҳо ба тиҷорати ҷаҳонӣ, бахусус таваррум дар Иёлоти Муттаҳида ва нигарониҳо аз вазъи бахши амволи ғайриманқул дар Чин таъсир хоҳанд гузошт. Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки пандемия ба «фишори бесобиқа дар занҷирҳои таъминот оварда расонидааст».

Мушкилоти моддию техникӣ, нарасидани нимноқилҳо ва болоравии нархи неруи барқ ба «норасоии минбаъдаи таъминот» ва якбора боло рафтани арзиши ҳамлу нақли баҳрӣ мусоидат карданд, изҳор дошт ЮНКТАД.
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2021 ба 6,4 миллиард доллар баробар гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод. «Соли 2021 гардиши савдои хориҷии кишвар 6359 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 39,5 фоиз зиёд аст», — гуфт ӯ.
Директори агентӣ зикр намуд, ки содирот дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 33,8 фоиз, воридот 66,2 фоизро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, аз кишвар ба маблағи 2,15 миллиард доллар маҳсулот содир шудааст, ки нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз бештар аст. Дар сохтори содироти маҳсулоти саноатӣ 41,7 дарсад аз ҳаҷми умумиро металлу сангҳои қиматбаҳо, 16 фоизро маъданҳо ва консентратҳо, 6,3 фоизро алюминийи аввалия, 9,4 фоизро нахи пахта ташкил доданд. Дар ифодаи маблағ фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2021 36,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 16,6 миллион доллар зиёд аст. Дар маҷмӯъ, соли 2021 аз ҷумҳурӣ 209 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содирот гардидааст.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд, ки соли 1964 ҳамчун мақоми доимии байниҳукуматӣ таъсис ёфтааст, мақоми асосии Ассамблеяи Генералӣ оид ба масъалаҳои тиҷорат ва рушд мебошад. Он ба суръат бахшидан ба рушди тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд масъул аст.
ЮНКТАД ҳамчун маркази ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои марбут ба тиҷорат, молия, технология, сармоягузорӣ ва рушди устувор дар низоми СММ нақши муҳим мебозад. Ҳадафи асосии он мусоидат ба ҳамгироии кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои иқтисодашон дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушд тавассути тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ЮНКТАД тадқиқот ва таҳлили сиёсат, ҷаласаҳои байниҳукуматӣ, ҳамкории техникӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши соҳибкорӣ мегузаронад. Конфронси ЮНКТАД- мақоми олии қабули қарорҳои он ҳар чор сол баргузор мешавад. Мақоми иҷроия — Шӯро оид ба савдо ва рушд ҳар сол ҷаласаҳои доимӣ мегузаронад, ки дар онҳо натиҷаи кори котибот дида мешаванд.
АКС: сомонаи UNCTAD








Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид






