СММ омода аст дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат намояд

Февраль 22, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дафтари ҳамоҳангсозии рушди СММ хонум Гви-Йоп Сон баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон муҳокима намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

З. Завқизода ба хонум Гви-Йоп Сон барои ҳамкории мутақобилан судманд вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу афзалияти кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Пешниҳод гардид, ки дар Барномаи кишварии оҷонсиҳои СММ барои солҳои минбаъда ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди «иқтисоди сабз» ва иқтисоди рақамӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои омодагӣ ба пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хонум Гви-Йоп Сон омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои мазкур баён намуд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Февраль 22, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд