Соли 2021 дар ноҳияи Шоҳмансур 15 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид

Февраль 15, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 15.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 бо такя ба ҳадафи чоруми стратегӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур 15 адад  корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуданд, ки дар онҳо 3250 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз дошт. 

Мавсуф иброз дошт, ки корхонаҳои мазкур ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва дар ин замина ба роҳ мондани содироти маҳсулоти истеҳсолгардидаи ватанӣ мусоидат менамоянд.

Раиси ноҳияи Шоҳмансур инчунин иброз дошт, ки ба кор оғоз  намудани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба мамлакатҳои хориҷи кишварро ба маротиб зиёд намуда, бо дарназардошти бахши  ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 458,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2020  116,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026-ро бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид