Соли 2021 дар ноҳияи Шоҳмансур 15 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 бо такя ба ҳадафи чоруми стратегӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур 15 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуданд, ки дар онҳо 3250 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз дошт.
Мавсуф иброз дошт, ки корхонаҳои мазкур ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, бартараф намудани монеаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва дар ин замина ба роҳ мондани содироти маҳсулоти истеҳсолгардидаи ватанӣ мусоидат менамоянд.
Раиси ноҳияи Шоҳмансур инчунин иброз дошт, ки ба кор оғоз намудани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба мамлакатҳои хориҷи кишварро ба маротиб зиёд намуда, бо дарназардошти бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 458,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2020 116,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026-ро бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Солҳои рушди саноат эълон намуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






