Соли 2022 дар Тоҷикистон хатсайри сайёҳии саноатӣ ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) тасмим гирифтааст, ки сайёҳии саноатӣ ба роҳ монад. Мақсад аз ин тасмим- муаррифии корхонаҳои азими саноатии мамлакат дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар ин бора Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода изҳори назар намуд.
«Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуданд, ки дар ин минтақаҳо корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ин минтақаҳо ба манфиати кор буда, ин навъи хатсайри сайёҳии саноатӣ ба иқтисодиётӣ ҷумҳурӣ фоидаи зиёд меорад»,- гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода.
Саноати сайёҳӣ дар ҷаҳон доимо дар ҳоли рушд буда, ба таъсири сайёҳӣ дар иқтисоди ҳар кишвари алоҳида алоқаманд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола саноати сайёҳӣ рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар боз ҳам такмил меёбад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуда, таъкид доштанд, ки дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин Сарвари давлат иброз намуданд, ки танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд.
Реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми раводиди яктарафа барои 52 давлати дунё барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






