Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Февраль 24, 2022 13:46

24.02.2022, шаҳри Бохтар

Ҳозирини гиромӣ!

Аз мушоҳидаву таҳлилҳо бармеояд, ки мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои азими ободониву созандагиро ба анҷом расонида, соли сипаришударо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардаанд.

Дар натиҷа тайи се соли омодагӣ ба ин ҷашн дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8300 иншоот бо таъсиси зиёда аз 40 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат дар нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025 дар маҳалҳо тавассути барномаҳои минтақавӣ амалӣ карда мешаванд.

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суръати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2021 ташвишовар буда, сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда дар қиёс бо нақшаҳо хеле паст мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2022 барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Норак ҳамагӣ 1,5 фоиз, Шамсиддини Шоҳин 2, Ёвон 4, Ҷайҳун 5, Абдураҳмони Ҷомӣ 5, Дӯстӣ 6,5, Кӯлоб 7 ва Левакант 9 фоизи нақша иҷро шудааст.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута иҷрои сифатноку саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшударо таъмин намуда, банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодиро ба таври воқеъбинона ва бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2021 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 613 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шуда, бо мақсади мазкур дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022-юм 603 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо барои бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз чор лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки дар як қатор лоиҳаҳои дар вилоят татбиқшаванда камбудиҳо ба назар мерасанд.

Татбиқи саривақтии лоиҳаҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ёвон ва Бохтар таъмин нашудааст.

Инчунин, уҳдадориҳои молиявии корхонаҳои коммуналӣ ва нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар дар назди шарикони рушд иҷро нагардидаанд.

Вобаста ба ин камбудиҳо дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ба роҳбарону масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Бинобар ин, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Арзёбии фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ нишон медиҳад, ки кор дар ин самт ғайриқаноатбахш мебошад.

Ба вилояти Хатлон дар соли сипаришуда ҳамагӣ 34,4 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки аз ҳаҷми умумии сармояи мустақими хориҷии ба кишвар ҷалбшуда 10 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла ба ноҳияи Данғара – 28,2 миллион доллар (82 фоиз), ба ноҳияи Ёвон – 5,9 миллион доллар (17 фоиз) ва ба 23 шаҳру ноҳияи боқимондаи вилоят ҳамагӣ 0,3 миллион доллар (1 фоиз) рост меояд.

Нишондиҳандаи мазкур тамоман ночиз буда, барои расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани рушди устувори вилоят мушкилоти ҷиддӣ эҷод месозад.

Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Ҳарчанд ки соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 102,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ин ҳисоб соли 2021 ба буҷет беш аз 102 миллион сомонӣ ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст.

Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар Паёми Роҳбари давлат доир ба зиёд намудани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, ҳарбӣ ва кормандони дигар муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо супориши мушаххас дода шуд.

Вобаста ба ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар натиҷаи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2021 дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 54,1 миллион сомонӣ ошкор карда шудааст.

Зарари молиявии нисбатан зиёд асосан дар ҷараёни тафтиши буҷети шаҳрҳои Кӯлоб ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ, Бохтар 2,2 миллион сомонӣ, ноҳияҳои Вахш 3,4 миллион сомонӣ, Ҷайҳун 3,2 миллион сомонӣ, Фархор 1,8 миллион сомонӣ, Кӯшониён 1,6 миллион сомонӣ, Муъминобод 1,2 миллион сомонӣ ва Панҷ 1,1 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.

Илова ба ин, зарари молиявӣ дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Ёвон ба маблағи 14,9 миллион сомонӣ ва нерӯгоҳи барқи обии «Норак» 2,5 миллион сомонӣ муайян карда шудааст.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадоранд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳо ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.

Соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 2,5 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки 18 фоизи сатҳи кишварро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи вилоят ба талабот умуман ҷавобгӯ нест.

Соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар вилояти Суғд беш аз 4,3 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба вилояти Хатлон қариб ду баробар зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 1 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, аз ин ҳисоб ба соҳаи саноат ҳамагӣ 137 миллион сомонӣ (5,5 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) қарз дода шудааст, ки умуман қонеъкунанда нест.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар як қатор ноҳияҳои дурдаст тамоман кам аст.

Аз ҷумла соли 2021 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамагӣ 10,6 миллион сомонӣ, Балҷувон 12,8 миллион сомонӣ ва Носири Хусрав 23,9 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки тамоман ночиз мебошад.

Бинобар ин, роҳбарияти Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуданд.

Дар ин давра дар кишвар бояд 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида шавад ва содироти он ду баробар зиёд гардад.

Барои иҷрои вазифаҳои мазкур ва амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар вилояти Хатлон бо имкониятҳои бузурги истеҳсолие, ки дорад, бояд саҳми назаррас дошта бошад.

Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 беш аз 11 фоиз афзудааст.

Вале ин нишондиҳанда аз сатҳи миёнаи кишвар, ки 22 фоизро ташкил медиҳад, ду баробар кам мебошад.

Ҳамчунин, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ховалинг 12 фоиз ва ноҳияи Носири Хусрав 43 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки 44 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлилҳо соли 2021 дар вилоят 24 фоизи маҳсулоти саноати коркарди мамлакат, аз ҷумла маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ҳамагӣ 14 фоиз ва маҳсулоти саноати масолеҳи сохтмон ҳамагӣ 12 фоиз истеҳсол гардидааст, ки қонеъкунанда нест.

Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд.

Нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нестанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Норак, ба истиснои коргоҳҳо, ягон корхонаи нави саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Бо вуҷуди он, ки ҳамасола шумораи муайяни коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешавад, дар баробари ин аз фаъолият бозмондану барҳам хӯрдани корхонаҳо низ ба назар мерасад.

Соли сипаригардида дар вилояти Хатлон 14 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрда, 99 корхона ё 15 фоиз аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ фаъолият накардааст, ки дар натиҷа беш аз 1600 нафар кормандони корхонаҳои зикршуда бекор мондаанд.

Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 12 корхона, Кӯлоб 8, Ҳамадонӣ, Левакант, Шаҳритус 7 ададӣ, Қубодиён ва Ҷалолиддини Балхӣ 6 ададӣ, Бохтар 5, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг ва Кушониён 4 ададӣ, Ҷайҳун, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муъминобод 3 ададӣ, Данғара, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин 2 ададӣ ва Хуросон 1 корхона фаъолият накардааст.

Инчунин, фаъолияти баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ беҳбудиро талаб менамояд, зеро соли 2021 нисбат ба соли 2020-ум дар 138 корхона ё аз шумораи умумии корхонаҳои вилоят дар 22 фоизи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст.

Дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли 63 номгӯй ё 34 фоиз аз номгӯйи умумии маҳсулоти саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда коҳиш ёфта, 8 номгӯйи маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 4,7 фоиз, семент 2,7 фоиз, трансформатор 33,2 фоиз, бетони сохтмонӣ 12 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ ва коркарди пахта 21,1 фоиз, намаки ошӣ 3 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 22 фоиз коҳиш ёфтааст.

Соли 2021 аз вилоят ба маблағи қариб 2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ё 19 фоиз аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда содирот шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.

Зеро он ҳамагӣ 8 фоизи сатҳи кишварро ташкил дода, 93 фоизи содироти маҳсулоти саноатии вилоят ба чор намуд, аз ҷумла нерӯи барқ, нахи пахта, калобаи пахтагин ва семент рост меояд. Содироти маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда аз вилоят қариб ки ба назар намерасад.

Бо вуҷуди супоришҳои додашуда, то ба ҳол аз вилоят ҳаҷми зиёди нахи пахта бе коркарди ниҳоӣ, аз ҷумла соли 2020-ум дар ҳаҷми 29 ҳазор тонна ва соли 2021-ум дар ҳаҷми 23 ҳазор тонна содирот шудааст.

Дар ҳоле ки танҳо дар вилояти Хатлон 5 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори умумии 33 ҳазор тонна коркарди нахи пахта вуҷуд дошта, соли 2021 ҳамагӣ 62 фоизи иқтидори онҳо истифода шудааст.

Дигар имконияти афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатие, ки дар вилоят истифода намешавад, истихроҷ, коркард ва содироти намак ба ҳисоб меравад.

Вилоят дорои захираи зиёда аз 15 миллиард тонна намак мебошад, вале соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ истихроҷи намаки ошӣ ҳамагӣ 26 ҳазор тонна (2 фоиз кам нисбат ба соли қаблӣ) ва коркарди он 13 ҳазор тоннаро (3 фоиз кам аз соли қаблӣ) ташкил дода, аз кишвар танҳо 1 ҳазор тонна содирот шудааст.

Чунин вазъ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Дар баробари ин, воридоти маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар намудҳои молу маҳсулот аз хориҷи кишвар, ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираҳо фаровонанд, то ба ҳол зиёд мебошад.

Соли 2021 танҳо ба ҳудуди гумрукии вилоят чунин молу маҳсулот ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ (120 миллион доллар) ворид шудааст, ки 31 фоизи ҳаҷми умумии воридоти вилоятро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, ба бозори истеъмолии вилоят ҳаҷми зиёди чунин молу маҳсулот тавассути гузаргоҳҳои гумрукии дигар минтақаҳои кишвар ворид мегардад.

Бори дигар таъкид месозам, ки барои истеҳсоли чунин молу маҳсулот дар вилоят имкониятҳои зиёд мавҷуданд, вале истифода нашуда истодаанд.

Масалан, талаботи вилоят ба нуриҳои минералӣ дар як сол беш аз 110 ҳазор тоннаро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби воридот қонеъ мегардад ва истеҳсоли он дар вилоят то ба ҳол ба роҳ монда нашудааст.

Соли 2021 танҳо ба ҳудуди гумрукии вилоят беш аз 33 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 7,4 миллион доллар ворид карда шудааст.

Талаботи бозори истеъмолии вилоят ба гӯшти мурғ тақрибан 20 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2021 истеҳсоли ин намуди маҳсулот дар вилоят ба 12,8 ҳазор тонна ё худ 64 фоизи талабот расонида шудааст.

Дар соли сипаригардида ба вилоят 1 ҳазору 200 тонна гӯшти мурғ ба маблағи 3,2 миллион доллар ворид гардидааст.

Инчунин, талаботи бозори истеъмолии вилоят ба равғани растанӣ 42 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2021 истеҳсоли он дар вилоят ба 13 ҳазор тонна расидааст, ки ҳамагӣ 31 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Талаботи вилоят ба маҳсулоти макаронӣ 9000 тоннаро ташкил дода, соли 2021-ум 265 тонна истеҳсол шудааст, ки ҳамагӣ 3 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Талабот ба собун дар бозори истеъмолии вилоят 8000 тоннаро ташкил дода, соли 2021 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ 13 тонна истеҳсол шудааст, ки умуман ночиз мебошад.

Бозори истеъмолии вилоят ба беш аз 3000 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ниёз дорад, вале соли 2021 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ 448 тонна истеҳсол шудааст, ки 15 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.

Дар баробари ин, ба ҳудуди гумрукии вилоят 1 ҳазору 100 тонна маҳсулоти ҳасибӣ ба маблағи қариб 3 миллион доллар ворид карда шудааст.

Ҳол он ки Хатлон ҳамчун вилояти калонтарини кишвар дорои саршумори зиёди чорво, аз ҷумла беш аз 1 миллион сар чорвои калон ва 2,5 миллион сар чорвои майда буда, барои рушди саноати хӯрокворӣ имкониятҳои фаровон дорад.

Талаботи вилоят ба маводи доруворӣ тақрибан 37 миллион долларро ташкил дода, соли 2021 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ ба маблағи 43 ҳазор доллар истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.

Дар соли сипаришуда ба ҳудуди гумрукии вилоят ба маблағи 1,2 миллион доллар маҳсулоти доруворӣ ворид гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин ҳолат, яъне таъмини нагардидани талаботи бозори истеъмолии вилоят аз ҳисоби истеҳсоли дохилии тухм (таъминнокӣ 30 фоиз), мебел (0,7 фоиз), маҳсулоти қаннодӣ (6 фоиз), нӯшокиҳои ташнашикан (0,7 фоиз) ва маводи шустушӯӣ (0,3 фоиз) ба назар мерасад.

Инчунин, маҳсулоти қолинӣ, шоколад, консерваи гӯштӣ ва дигар намудҳои маҳсулот, ки дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба кишвар ворид мегардад, дар ҳудуди вилоят умуман истеҳсол карда намешавад.

Танҳо дар мисоли қолин бояд гуфт, ки ҳар сол дар вилоят беш аз 26 ҳазор тӯйи арӯсӣ баргузор мегардад ва мардум тибқи анъана ба навхонадорон ҳатман қолин туҳфа мекунанд.

Яъне танҳо ба ин мақсад дар як сол дар вилоят ба беш аз 26 ҳазор қолин талабот ҳаст.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорон рушди соҳаҳои мухталифи саноат, хусусан, саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.

Хотиррасон менамоям, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2021 вобаста ба афзоиш додани кишти зироатҳои равғандеҳ ва зиёд намудани корхонаҳои муосири истеҳсоли равғану макарон ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Дар робита ба ин, ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо ин мақсад зарур аст, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро пурра истифода намуда, дар ин раванд ташкили паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатиро вусъат диҳад.

Новобаста аз он ки истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаву коргоҳҳои вилоят дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 қариб 900 ҳазор адад ё аз рӯйи ҳаҷм 4,2 баробар афзудааст, аммо сатҳи таъминнокӣ бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ ҳамагӣ 32 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест.

Таъминнокӣ бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар ноҳияи Муъминобод 19 фоиз, шаҳри Левакант 24 фоиз ва дар 19 шаҳру ноҳияи дигари вилоят ин нишондиҳанда 27–28 фоизиро ташкил медиҳад, ки ҳатто аз сатҳи вилоят кам мебошад.

Аз ин рӯ, роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар самти боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Бо вуҷуди он ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум, хусусан, занону бонувон ва бо ҷойи корӣ таъмин кардани онҳо имтиёзҳои зиёд пешниҳод шудаанд, вале то ба ҳол имкониятҳои вилоят дар ин самт ба таври васеъ истифода нашуда истодаанд.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар се соли охир, новобаста аз афзоиш ёфтани аксари нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят, ҳаҷми истеҳсоли онҳо ҳанӯз ҳам нокифоя мебошад.

Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 1241 метр матои абрешимӣ, матои адрас 26 ҳазор метри мураббаъ, газвор 137 ҳазор метри мураббаъ, матои нобофта 111 ҳазор метри мураббаъ, 6,2 ҳазор дона куртаи чакан, 11 ҳазор дона ҷома, 6 ҳазор дона ҷелак ва 9 ҳазор дона сӯзанӣ истеҳсол гардида, истеҳсоли атлас умуман ба роҳ монда нашудааст.

Вобаста ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконият медиҳад, дар Паёми Роҳбари давлат ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бояд ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, пӯст, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таҳлили вазъи соҳаи саноати вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки рушди он ба ҳадафи стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҷавобгӯ нест ва ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, масъулин вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои баёнгардида дар самти мазкур ба таври қатъи ҷоннок карда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро таъмин намоянд.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 937 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар 14 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд.

Соли 2021 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 52 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад, вале имкониятҳои дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуда ҳанӯз ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд.

Масалан, соли 2021 дурнамои кишти пахта дар вилоят аз ҳисоби ноҳияҳои Вахш 1050 гектар, Дӯстӣ 280 гектар, Қубодиён 400 гектар, Ҷайҳун 600 гектар, Панҷ 270 гектар, Ёвон 560 гектар ва Фархор 130 гектар таъмин нагардида, дар маҷмӯъ, дар вилоят нисбат ба дурнамои пешбинигардида қариб 3300 гектар ва дар муқоиса бо соли 2020-ум 3000 гектар кам гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Дар натиҷа соли 2021 дар вилоят истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2020-ум қариб 7300 тонна кам шудааст.

Илова бар ин, ҳосилнокии пахта дар вилоят ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ду соли охир ҳамагӣ 22,3 сентнерро аз як гектар ташкил додааст.

Дар баъзе ноҳияҳо ин нишондиҳанда дар соли 2021 аз сатҳи вилоят ҳам паст, аз ҷумла Фархор 13,7 сентнер, Ҷалолиддини Балхӣ 20,3 сентнер, Панҷ 21,2 сентнер ва Қубодиён 21,7 сентнер мебошад.

Аз нишондиҳандаҳои мазкур бармеояд, ки дар вилоят истеҳсоли пахта ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва ин ҳолат нигаронкунанда мебошад.

Инчунин, дар вилоят картошка аз дурнамои пешбинишуда 1290 гектар кам кишт шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Илова бар ин, ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 кишти барвақтии картошка дар вилоят нисбат ба дурнамо 2460 гектар, сабзавоти барвақтӣ 1260 гектар, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ 1540 гектар кам гузаронида шудааст, ки дар шароити имрӯза ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳияҳои Панҷ 443 гектар, Ҷайҳун 296, Қубодиён 243, Ҷалолиддини Балхӣ 238, Кӯшониён 234, Вахш 230 ва Шаҳритус 216 гектар ва кишти пиёзи барвақтӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 1035 гектар таъмин нагардидааст.

Боғу токпарварӣ яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат бояд саҳми назаррас дошта бошад.

Вале соли сипаригардида дар вилоят аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ҳамагӣ 127 гектар боғу токзор бунёд шудааст, ки ҳанӯз нокифоя мебошад.

Гарчанде барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 дар вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ, 107 фоиз иҷро шудааст, вале нақшаи барномаи мазкур оид ба бунёди токзори нав таъмин нагардидааст (иҷро ҳамагӣ 80 фоиз).

Соли 2021 аз ҳудуди вилоят ҳамагӣ 34 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 3,8 миллион доллар содирот шудааст, ки 2 фоизи ҳаҷми содироти вилоятро ташкил медиҳад.

Беш аз 94 фоизи ҳаҷми содироти маҳсулотро ангур (48 фоиз), пиёз (27 фоиз), мағзи писта (10 фоиз) ва писта (9 фоиз) ташкил додааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқтидору имконияҳои зиёди вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот пурра истифода нашуда истодаанд.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истифодаи усулҳои агротехникаи пешрафта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин, доир ба нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки дар ин самт тамоми захираву имкониятҳои вилоят, хусусан, аз як қитъаи замин рӯёнидани се – чор ҳосил, боз ҳам самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, инчунин, бо истифода аз технологияҳои муосир ташкил намудани гармхонаҳои доимамалкунанда бояд пурра истифода карда шаванд.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа супориш дода мешавад, ки ҷиҳати зиёд намудани майдони боғу токзорҳо, аз ҷумла бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот ҳамаи имкониятҳоро сафарбар созанд.

Бо дарназардошти маҳдуд будани майдони заминҳои обӣ дар кишвар таъкид менамоям, ки боғу токзорҳои нав минбаъд бояд танҳо дар талу теппаҳо бунёд карда шаванд.

Илова бар ин, корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ вусъат дода шаванд.

Ҳолати ногувори мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои партов (қариб 16400 гектар) ва заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда (2000 гектар) яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳа дар вилояти Хатлон мебошад, ки андешидани тадбирҳои мушаххас ва фавриро тақозо менамояд.

Бо вуҷуди он, ки дар ин самт то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, боз 2 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёд аз 800 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, вале мушкилоти ҷойдошта то ҳол ҳал нашудааст.

Соли 2021 ҳамагӣ 476 гектар замин, аз ҷумла 197 гектар замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки хеле кам аст.

Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ истифодабарии самараноки заминро таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки минтақаҳои гуногуни кишвари мо бо хусусиятҳои иқлимӣ ва ҷуғрофии худ аз офатҳои табиӣ осебпазир мебошанд.

Аз ҷумла аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қариб ҳар сол бар асари боришоти зиёд дар фасли баҳор дучори омадани сел мегарданд.

Барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилояти Хатлон тайи 20 соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 700 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Илова бар ин, ҳоло бо ин мақсад дар вилоят лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб 200 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, корҳои омодагӣ барои пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла доир ба соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби масъулин на ҳама вақт ба талабот ҷавобгӯ мебошанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани чорабиниҳо бар зидди хатару офатҳои табиӣ тадбирҳои саривақтиро анҷом диҳанд.

Дар доираи ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди вилояти Хатлон корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

То ба имрӯз дар ҳудуди вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 5,9 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 439 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 5 нақб ва 39 пул сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ва Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ба маблағи умумии қариб 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, роҳҳои зикршуда ба истифода супорида шуданд.

Ҳоло дар ин самт боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 3,9 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 219 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, инчунин, 20 пул сохта, ба истифода дода мешаванд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар раванди татбиқи лоиҳаҳои зикршуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва байни маҳалҳои аҳолинишин, инчунин, дар самти нигоҳдории роҳҳо бояд чораҳои зарурӣ андешанд.

Қобили дастгириву таҳсин аст, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30–солагии истиқлолияти давлатӣ, яъне дар се соли охир аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолии вилоят қариб 1800 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.

Зарур аст, ки ин ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35–солагии истиқлолияти давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.

Барои ҳамлу нақли бору мусофирон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб ва қитъаи Ваҳдат – Ёвон, дар маҷмӯъ, бо дарозии 173 километр сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳарчанд ки барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳани масири Хатлон аз 30 то 90 фоиз тахфифҳо ҷорӣ гардидаанд, соли 2021 нисбат ба соли 2020-ум тавассути ин роҳ гардиши бор 20,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Интиқоли бор тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани Хушодӣ – Амузанг нисбат ба соли 2020–ум 31 фоиз кам шудааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Тибқи маълумот тавассути ин гузаргоҳ ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи пиёзи дар вилоят истеҳсолшуда содирот карда шудааст.

тБинобар ин, Вазорати наклиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вазифадоранд, ки бо истифода аз тахфифҳои ҷоригардида дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1261 бинои муассисаи таълимӣ барои 512 ҳазор хонанда ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2021 дар вилоят 100 бинои муассисаи таълимӣ барои 40 ҳазору 500 хонанда бунёд гардидааст.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи маорифи вилоят Ҳукумати мамлакат 15 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 851 миллион сомонӣ татбиқ карда, ҳоло барои амалӣ намудани боз 7 лоиҳаи дигар 1,1 миллиард сомонӣ равона намудааст.

Дар марҳалаи кунунӣ боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ вазифаи муҳимтарини аҳли маориф, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё мебошад.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ 21 ҳазору 100 нафар аз вилояти Хатлон донишҷӯён таҳсил доранд.

Дар соли 2021-ум 6055 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ аз вилоят таҳсилро хатм намуда, соли 2022 тибқи нақша боз 5200 нафар донишҷӯён таҳсилро ба охир мерасонанд).

Дар Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1,1 миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, бунёди 566 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Аммо дар доираи барномаи мазкур то имрӯз сохтмони 151 иншооти соҳаи маориф анҷом дода шудааст, яъне иҷрои барнома ҳамагӣ 28 фоиз таъмин гардидааст, ки чунин ҳолат бо дарназардошти мушкилоти муассисаҳои таълимии вилоят хеле нигаронкунанда мебошад.

То ба ҳол дар 17 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Фархор, Балҷувон, Данғара ва Кӯшониён зиёда аз 3000 нафар хонандагон дар се баст дарс мехонанд, ки чунин вазъ, албатта, ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад.

Гарчанде сохторҳои масъул расман ҳисобот пешниҳод мекунанд, ки муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон аз вагонҳо ва хонаҳои истиқоматӣ бароварда шудаанд, лекин то ба ҳол 5 мактаб дар ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Қубодиён ва Панҷ дар чунин ҳолат қарор дорад.

Вазъи иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018 – 2022, яъне барномаи чоруми қабулкардаи Ҳукумати мамлакат низ ташвишовар буда, дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳамагӣ 25 фоиз иҷро гардидааст.

Ҳамчунин, дар вилоят Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020-ум 22 фоиз ва Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 ҳамагӣ 2 фоиз иҷро шудааст.

Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 11 фоизро ташкил медиҳад, ки умуман қонеъкунанда набуда, андешидани чораҳои ҷиддиро талаб менамояд.

Бинобар ин, ба роҳбарону масъулин бори дигар таъкид менамоям, ки доир ба татбиқи чорабиниҳои иҷронагардидаи барномаҳо дар соҳаи маориф, ки муҳлати онҳо, аллакай, гузаштааст, тадбирҳои фаврӣ андешида, аз ҷараёни корҳои иҷрошуда ҳар семоҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисобот диҳанд.

Дар ин раванд, ба раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зарур аст, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар ин самт масъулинро зарур аст, ки хусусан, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоро тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монанд.

Дар вилояти Хатлон масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёна низ ҳалталаб мебошад, зеро имрӯз норасоии табибон 1550 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 630 нафарро ташкил медиҳад.

Бештар аз ҳама воҳидҳои кории холии табибон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Левакант, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ ба назар мерасад.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи тиб аз вилояти Хатлон 4736 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.

Соли 2021-ум 515 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои тиббӣ аз вилоят таҳсилро хатм намуда, дар соли 2022 тибқи нақша пешбинӣ шудааст, ки боз 824 нафар хатм мекунанд.

Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббии кишвар аз вилояти Хатлон 25 ҳазору 200 нафар донишҷӯ таҳсил карда, соли 2021-ум 5730 донишҷӯ аз вилоят муассисаҳои мазкурро хатм намудааст ва дар соли 2022 тибқи нақша боз зиёда аз 6000 нафар донишҷӯ таҳсилро ба охир мерасонад.

Дар ин раванд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Таҳлили вазъи риояи қонунияту тартибот нишон медиҳад, ки соли 2021 дар вилоят шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда қариб 7100 ҳолатро ташкил карда, нисбат ба соли 2020-ум 96 ҳолат зиёд гардидааст.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Норак, Кӯлоб, Муъминобод ва Ховалинг аз як фоиз то 20 фоиз афзудааст.

Соли сипаригардида дар вилояти Хатлон 233 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шудааст, ки қариб 33 фоизи чунин ҷиноятҳои дар ҳудуди кишвар содиршударо ташкил медиҳад.

Соли 2021 ба 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 133 ҳолат зиёд буда, 79 фоизи онҳо вобаста ба истифодаи замин мебошанд.

Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба хариду фурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст.

Масалан, муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон Набизода А. якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раиси кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шахсони дигар гурӯҳи ҷиноятӣ созмон дода, 331 ҳолати ҷинояти вобаста ба заминро содир намудааст.

Бо парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар шахсони мансабдори ин ноҳия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд ва 10 миллион сомонӣ зарари расонидаи онҳо ошкор карда шудааст.

Соли сипаришуда аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти хариду фурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон 52 ҳолат, Кӯшониён 41, Кӯлоб 19, Восеъ 18, Вахш 15, Ҷайҳун 11 ва Қубодиён 8 ҷиноят содир шудаанд.

Аз ҷониби Агентӣ соли 2021-ум 64 ҷинояти аз ҷониби кормандони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор шудааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Кумитаи андоз дар ҷараёни азнавбаҳисобгирӣ беш аз 46 ҳазор ҳолати дар натиҷаи беаҳаммиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул аз қайд берун мондани молу мулки ғайриманқул бо масоҳати умумии 5 миллиону 130 ҳазор метри мураббаъ муайян гардида, аз ин ҳисоб ба маблағи 9 миллион сомонӣ андози иловагӣ ҳисоб карда шудааст.

Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар ҳудуди вилоят ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд ва зарур аст, ки доир ба пешгирӣ кардани чунин раванд, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад, чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Чунин далелҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон 32 ҳолат, Восеъ 30, Ховалинг 27, Вахш 24, Кӯлоб 22, Кӯшониён 20, Шамсиддини Шоҳин 18 ва ноҳияҳои дигар аз як то 17 ҳолат ошкор гардидаанд.

Соли 2021 дар вилоят 367 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ бо фарогирии 1662 нафар наврасон ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин, ба ҳолати 1-уми январи соли 2022-ум 1693 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 1060 нафар ё 63 фоизи онҳо бо ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Бо дарназардошти вазъи зикргардида, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо, пурзӯр кардани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Хотиррасон менамоям, ки мунтазам таҳти назорат қарор додани ин корҳо вазифаи муҳимми шумо – роҳбарону фаъолон мебошад.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан сарҷамъу аҳлона ва содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва сатҳи аз имрӯза беҳтари зиндагии ҳар як оила ноил мегарданд.

Барои амалӣ шудани ҳадафу нақшаҳои нек бояд шумо – роҳбарону фаъолон мардумро, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба корҳои ободониву созандагӣ сафарбар созед ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, худатон ташаббускору фаъол ва намунаи ибрат бошед.

Саломат бошед!

Февраль 24, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид