Сулаймон Султонзода: Соли 2021 дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 353 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар натиҷаи 1080 тафтишу санҷиши молиявии аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба маблағи умумии 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода маълумот дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни нишасти мазкур.
Ба таъкиди мавсуф, тавассути тадбирҳои андешида аз ин маблағ 324 миллион сомонӣ ё 92 фоиз барқарор карда шуд.
«Аз маблағҳои рӯёнидашуда 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 214 миллион ба ташкилоту муассисаҳо рост меоянд», — зикр намуд С. Султонзода.
Тазаккур дода шуд, ки тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






