Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2226 иншооту биноҳо бунёд гардиданд

Февраль 23, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Артиши миллӣ тазаккур доданд, ки тайи даврони истиқлолият барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, 2226 иншооту биноҳо бунёд гардиданд.

Дар идома Пешвои миллат зикр карданд, ки дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин раванд Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо ба муҳайё намудани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.

Дар замони истиқлол зиёда аз 3500 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо манзили истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд.


Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъминоти моддӣ ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад аз 1 январи соли 2022 маоши амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо ҳамин роҳ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон