ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт нуктаҳои ин ҳуҷҷати стратегӣ шарҳ дода шуданд

Февраль 11, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 11.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ якчанд имтиёз, аз ҷумла стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиеро, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дод, ки он ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва таъмини таҳсили муносиби ин қишри ҷомеа равона гардидааст. Ин нукта зимни вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт баён гардид.

Тавре дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи сафари кории гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки аз 9 то 11 феврал идома меёбад, аъзои гурӯҳи корӣ- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ва муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат вохӯрии судманд гузарониданд.

Дар мулоқот роҳбарияти кумитаҳои давлатӣ вобаста ба дастгириву пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба занону бонувон ва ҷавонон ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори соҳаи кор бо занон ва оила дастур доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар зарфи даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои мухталиф дар тамоми сатҳи ҷумҳурӣ рушд намуда, дар ноҳияи Рашт низ таъсиси инфрасохторҳои зарурӣ бо фароҳам овардани имконияту шароити мусоид бо суръати баланд ба роҳ монда шуд.

Сокинони ин минтақаи ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар самти рушди корҳои назарраси ободониву созандагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо меҳнати софдилонаю дастҷамъона ва ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ нақши сазовор мегузоранд.

Мулоқот дар рӯҳияи созанда доир гардида, мардум қаноатмандии хешро аз имконияти мавҷуда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар иброз намуданд.

 

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Февраль 11, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд