ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳраки 46-и ноҳияи Фирдавсӣ нуктаҳои ин ҳуҷҷати стратегӣ фаҳмонида шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76-и шаҳраки 46-и ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, сардори Раёсати корҳои ҳуқуқии Агентии «Тоҷикстандарт» Ҳабибулло Ғуломзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабалӣ Давлатов, сироятшинос аз Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №12 Раҳматулло Раҳмонов иштирок намуданд.
Иброҳим Мирзозода зикр намуд, ки «Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд. Паёми навбатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ тафоввути калон дошт, зеро ин Паём таҳлили дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолиро дар бар мегирифт. Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ менамояд».
Зимни ҳамоиш иброз дошта шуд, ки дар ин давра Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.
Дар идомаи вохӯрӣ Раҳматулло Раҳмонов вобаста ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ибрози андеша намуд.
Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар расид, яъне 1,8 баробар зиёд гардид.
Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.
Инчунин дар ин давра сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
«Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзанда дорад. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст»,- гуфт Абдураҳим Шоҳиён.
АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






