Темур Раҳимов аз Гранд Слами Тел-Авив бо медали биринҷӣ бармегардад
ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар «Tel Aviv Grand Slam 2022», ки 17-19 феврал дар пойтахти Исроил баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Темур дар вазни +100кг 19 феврал мусобиқаро аз даври дуюм оғоз кард ва баъди ду пирӯзӣ бар Серафим Компаниез аз Исроил ва Стефан Ҳегйӣ аз Австрия ба даври нимфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Гурам Тушишвилӣ (Гурҷистон), ки медали тилло гирифт, мағлуб шуд. Сипас Темур дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Энди Грандаи кубагиро шикаст дода, бо медали биринҷӣ ва 1500 евро сарфароз гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин медали чоруми Темур Раҳимов дар силсилаи мусобиқоти ҷудои ҷаҳон мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли гузашта дар дар ду мусобиқаи Grand Slam дар Боку медали нуқра ва дар Абу Дабӣ медали биринҷӣ гирифтааст.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тел-Авив 298 варзишгар (165 мард ва 133 зан) аз 34 кишвар ширкат доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Темур Раҳимов инчунин Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) — намояндагӣ карданд.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Бразил Ҷеферсон Сантос Юниор ғолиб омад. Вале дар даври чорякфинал аз Тоҳар Бутбул (Исроил) ва дар даври тассалобахш аз Игор Вандтке (Олмон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро ишғол кард. Дар вазни -73кг Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) медали тилло гирифт.
Ду паҳлавони дигари тоҷик — Шодмон Ризоев ва Ҷаҳонгир Маҷидов — дар даври аввал ноком шуданд.
Дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Фаронса бо ба даст овардани чор медали тилло ва чор медали биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Озарбойҷон, ки ду медали тилло ва яктоӣ нуқраю биринҷӣ гирифт, ҷои дуюмро сазвор шуд. Гурҷистон бо ду медали тилло ва як нуқра ҷойи сеюмро аз худ кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар байни 34 кишвар ҷойи 23-юмро соҳиб шуд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






