Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди саноат дар миқёси ИДМ ба зинаи аввал баромад
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар соли сипаригардида аз рӯи рушди саноат дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар ҷои аввал қарор гирифт.
Дар ин бора Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Шералӣ Кабир афзуд, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 38,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 23 фоиз зиёд мебошад.
Вазир гуфт, ки тибқи маълумоти расмии Агентии омори ИДМ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар як сол 22,9 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ мебошад. Ин нишондиҳанда дар Русия 5 фоиз, дар Узбекистон 9,5 фоиз, дар Қирғизистон 0,2 фоиз, дар Қазоқистон 2,9 фоизро ташкил дод.
Ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаригардида аз ҳама бештар ба саноати кӯҳӣ – 32 фоиз рост омада, истеҳсоли неруи барқ 20 фоиз, саноати хӯрокворӣ 19 фоиз, саноати мошинсозӣ 6 фоиз, саноати сохтмон 9 фоиз, саноати сабук 6 фоиз, саноати пахтатозакунӣ 5 фоиз ва саноати ангишт 1 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли қаблӣ Тоҷикистон 271 ҳазор тонна маъдани тозакардашуда, 1,2 миллион тонна семент, беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта, 19 ҳазор тонна ресмони пахтагӣ содирот кардааст.
Вазири саноат зикр намуд, ки корхонаҳои соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо соли гузашта тавлидотро 61 фоиз зиёд намуда, ба маблағи 12,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 4,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳиссаи ҶДММ КМ «Зарафшон» дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 64 фоиз, ҶММ «Пакруд» 13 фоиз ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 10 фоизро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






