Тоҷикистон барои иштирок дар назорати раъйпурсии Беларус даъватнома гирифт
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ИДМ барои иштирок дар раъйпурсии конститутсионии Беларус даъват шудааст. Дар ин бора дирӯз, 1 феврал раиси комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва гузаронидани раъйпурсии ҷумҳуриявии ҶБ Игор Карпенко (ДАР АКС) изҳори назар намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии ин кишвар «БелТА».
Минск аллакай ба намояндагони КМИ Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нома ирсол кардааст. Ба гуфтаи Игор Карпенко, КМИ нозиронро дар асоси даъват аккредитатсия мекунад. Тибқи иттилои КМИ Беларус, то имрӯз беш аз 870 нозири миллӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳудудии раъйпурсӣ аккредитатсия карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки раъйпурсии конститутсионӣ 27 феврали соли 2022 доир мегардад. Илова бар ин, аз 22 то 26 феврал пеш аз муҳлат овоз додан ҳам мумкин аст.
Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ интизор меравад, ки қариб ба нисфи моддаҳои қонуни асосии мамлакат тағйирот ворид карда шавад.
Моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки дар Беларус шакли президентии ҳукумат нигоҳ дошта шуда, вазифа ва ваколатҳои сарвари давлат, инчунин парлумон ва ҳукумат бояд мушаххас карда шаванд.
Ин тағйирот метавонанд ба васеъ намудани ваколатҳои идораи вазирон ва мустақилияти он дар қабули қарорҳо дахл дошта бошанд, инчунин Анҷумани умумихалқии Беларусро ба мақоми конститутсионӣ табдил дода, ба он масъулияти иловагӣ ҳамроҳ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






