Тоҷикистон барои иштирок дар назорати раъйпурсии Беларус даъватнома гирифт

Февраль 2, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ИДМ барои иштирок дар раъйпурсии конститутсионии Беларус даъват шудааст. Дар ин бора дирӯз, 1 феврал раиси комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва гузаронидани раъйпурсии ҷумҳуриявии ҶБ Игор  Карпенко (ДАР АКС) изҳори назар намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии ин кишвар «БелТА».

Минск аллакай ба намояндагони КМИ Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нома ирсол кардааст. Ба гуфтаи Игор Карпенко, КМИ нозиронро дар асоси даъват аккредитатсия мекунад. Тибқи иттилои КМИ Беларус, то имрӯз беш аз 870 нозири миллӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳудудии раъйпурсӣ аккредитатсия карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки раъйпурсии конститутсионӣ 27 феврали соли 2022 доир мегардад. Илова бар ин, аз 22 то 26 феврал пеш аз муҳлат овоз додан ҳам мумкин аст.

Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ интизор меравад, ки қариб ба нисфи моддаҳои қонуни асосии мамлакат тағйирот ворид карда шавад.

Моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки дар Беларус шакли президентии ҳукумат нигоҳ дошта шуда, вазифа ва ваколатҳои сарвари давлат, инчунин парлумон ва ҳукумат бояд мушаххас карда шаванд.

Ин тағйирот метавонанд ба васеъ намудани ваколатҳои идораи вазирон ва мустақилияти он дар қабули қарорҳо дахл дошта бошанд, инчунин Анҷумани умумихалқии Беларусро ба мақоми  конститутсионӣ табдил дода, ба он масъулияти иловагӣ ҳамроҳ намоянд.

                                        АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 2, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид