Тоҷикистон то соли 2030 тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия ба 700 мегаватт расонданист

Февраль 1, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифт, ки то соли 2030 700 мегаватт иқтидори тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия, махсусан офтобӣ ва бодӣ рушд диҳад. Дар ин бора 31 январ  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин бора аллакай 3 лоиҳа дар марҳилаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ қарор доранд, ки 260 мегаваттро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, соли сипаригардида истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 20  млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд.

Зикр карда шуд, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон раванди таъсиси ҷамъияти саҳомии муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон идома дорад. 10 июни соли сипаригардида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодаи ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расонида шуда буд, ки айни ҳол раванди таъсиси ҷамъияти саҳомӣ идома дорад.

Дар соли сипаригардида дар соҳаи электроэнергетикаи кишвар дар баробари вусъатбахшии корҳо дар бунёди НБО «Роғун» ҳамчунин 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,6 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Дар ин давра татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ва лоиҳаҳои минтақавии CASA-1000 ва «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» идома дода шуданд.

Дар маҷмӯъ маблағҳои дар ин давра барои рушди соҳа ҷалбгардида 100,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, ки аз он 75,0 млн доллари ИМА грант ва 25,0 млн. долларашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд