Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши кирмакпарварӣ ва коркарди пилла корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои хусусии саноатӣ ва намояндагони лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат 7 феврал аз Узбекистон дидан намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди истеҳсоли пиллаву атлас ва адрас, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ ва табодули афкор миёни мутахассисони соҳа амалӣ карда шуд.
Тоҷикистон ва Узбекистон дар кишварҳои Роҳи Абрешим хуб маъруфанд. Аз давраҳои қадим дар ин кишварҳо ба истеҳсоли пилла, атласу адрас машгғул буданд, ҳоло ин самтҳо бомуваффақият дубора эҳё карда мешаванд.
Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адрас дар Узбекистон раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихоб ва истифодаи нақшҳои матоъ, ҷалби тарроҳон ва содироти маҳсулоти тайёр баррасӣ ва омӯхта мешаванд.
Намояндагони Тоҷикистон аз қитъаи намунавии боғи тут, намоишгоҳи ашёи хом ва матоъҳои тайёр, либосҳои тарроҳӣ дидан намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва табодули таҷриба миёни тарроҳон баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайат то 11 феврал идома ёфта, боздид аз корхонаву коргоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Марғелон ва Фарғона дар назар аст.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






