USAID бозорҳо ва сармоягузориҳои навро дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аз оғози барномаи нав бо буҷети 19 млн доллари ИМА, ки ба самти беҳтарсозии робитаҳои тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, хабар дод. Барномаи панҷсолаи савдо дар Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро дар бар мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти USAID иттилоъ додааст.
Мақсади ин барнома- тавсеаи имконоти иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамоҳангсозии расмиёти назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ, таҳкими шарикӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар масъалаҳои савдо, сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ миёни соҳибкорон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон ифтитоҳ шуда буд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, соли сипаригардида USAID дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Анҷумани тиҷоратии «BactriaFood 2021» баргузор намуд (АКС). Ҳадафи анҷуман ба рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар равона шуда буд.
Дар форум зиёда аз 200 истеҳсолкунандагони калонтарин ва муттаҳидкунандагони меваю сабзавот дар Тоҷикистон ва харидорон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо ширкат доштанд.
USAID дар назди ҳукумати ИМА соли 1961 бо ташаббуси Ҷон Кеннедӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафҳои созмон дастгирии рушди демократия, иқтисод ва тандурустӣ мебошанд.
Агентӣ кумакҳои фавқулодаи башарӣ расонида, дар самти пешгирии муноқишаҳо дар зиёда аз сад кишвари ҷаҳон кумак мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






