ВАҚТИ ОН АСТ, КИ АҲЛИ ҚАЛАМ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ «КОНТЕНТИ МУСБАТ» ОФАРАНД. Ва ё ҷаҳонбинии ифротӣ пайдо кардани ҷавони имрӯзаро пешгирӣ мебояд

Февраль 18, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, чанд рӯз қабл рӯзноманигор ва яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Талбаков аз ҷониби ҷавоне мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт. Ҳодисаи мазкур масъалаи ба ифроту хуруфот рӯ овардани бархе аз ҷавонони кишварро боз ҳам доғтар намуд. Ҳодисаи мазкур бонги хатарест, ки аз таҳаммулнопазирӣ ва ҷаҳонбинии ифротӣ пайдо кардани ҷавони имрӯза дарак медиҳад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва ҳалли ин ва дигар мушкилоти дар ҷомеаи имрӯза ба вуҷудомада бо коршиносон суҳбат намуд.

14 феврал журналист ва яке аз фаъолони ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон Абдуқодир Талбаков дар саҳифаи иҷтимоии худ дар «Фейсбук» бо нашри акси ҷавони тахминан 20-25-сола иттилоъ дод, ки ин ҷавони ношинос ба наздаш омада, ӯро мавриди таҳқир қарор додаст ва баъди таҳдиди куштан намудан аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар пайи нашри он Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ баъди як соати ин моҷаро хабаре нашр кард, ки нафари дастгиргардида шаҳрванд Исмоилов Туғён Фаррухович, санаи таваллудаш 14.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат дорад.

Аз нақли Абдуқодир бармеояд, ки ӯ бо набераҳояш дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе сайругашт мекардаанд, ки ҷавоне бо рӯйи пӯшида ба ӯ наздик шудааст. «Аз номи гурӯҳе ҳарф мезад. Гуфт, «дар назди мо ҷавоб мегӯӣ, барои таҳқири домулло, риши домулло». Вақте кор ба хархаша анҷомид, дасташро ба тарафи бағалаш бурд. Фикр кардам ё корд мебарорад ё яроқ. Садо баланд кардам, ки мекушӣ, бикуш. Мардум таваҷҷуҳ карданд ва ӯ гурехт», – навиштааст Абдуқодир Талбаков.

Ҳодисаи мазкур дар ҷомеаи кишвар сару садоҳои зиёде ба бор овард. Бештари фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки набояд аз «Толибон» тарсид, балки аз тафаккури «толибонӣ» гирифтани ҷавонони имрӯза бояд дар ҳарос буд. Корбарон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки зиёиёни кишвар дар ин масъала бетарафӣ менамоянд. Ва ҳарчӣ зудтар мебояд миёни ҷавонон ва қишри фаъоли ҷомеа аз ҷониби аҳли зиёиёни кишвар корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ бурда шавад, то ки аз ифротӣ шудан, хурофотӣ шудани фикру ақидаҳои насли имрӯзу оянда ҷилавгирӣ намоем.

Дар ҳошияи ин ҳодиса коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо чунин мешуморад, ки «набояд фирефтаи он шуд, ки «Толибон» ваъда додаанд, ки ба ин сӯи об намеоянд. Бале, шояд онҳо чун гурӯҳ наоянд, аммо онҳо ва нусхаи тоҷикии онҳо чун тафаккуру идеология ва чун абзор хеле наздик омадаанд ва барои омадан талош хоҳанд кард».

Ба гуфтаи ӯ, «комёбиҳои гурӯҳи ифротии «Толибон» дар Афғонистон ва аввалин қадамҳои татбиқи низоми толибонӣ дар минтақаҳои суқутёфтаи ин кишвар бори дигар манзараи рӯёрӯии амиқи арзишӣ, идеологӣ ва тамаддуниеро ба намоиш гузошт, ки даҳсолаҳои тўлонӣ дар ин минтақа ҷараён доранд. Гарчи ин таҳдиду хатар барои минтақа ва аз ҷумла барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳаргиз аз байн нарафта буд, аммо бинобар муддате нуҳуфтаву дур буданаш барои аксари ҷомеаи мо бештар ба як ривояту иттилоот табдил гашта буд. Хушбахтона, имрўз дар Тоҷикистон сулҳу суббот ҳукмфармост ва аҳли илму фарҳанг ба фаъолияти осудаи касбии худ машғуланд. Аммо омўзиши вазъ нишон медиҳад, ки ин осудагӣ ва рўзгоргароӣ то ҷое боиси фосилаи зеҳнии ин қишр аз равандҳои ҷамъиятию сиёсии дохиливу минтақавӣ, кунд шудани ҳушёрии арзишию сиёсӣ ва гоҳо боиси ғофил мондани онҳо аз нақшу рисолати миллию ҷамъиятии худ дар ин равандҳо низ гардидааст. Бинобар ин, бисёр зарур аст, то ба моҳияти таҳдидҳои нав ва зарурати рўй овардани аҳли зиёи тоҷик ба рисолати худ ишорат шавад».

Абдуллоҳи Раҳнамо чунин мешуморад, ки нуктаи муҳимтаринеро, ки имрўз аҳли зиёи мо бояд дар ин самт дарк намоянд, ин аст, ки ҳоло моҳият ва манзараи мубориза ва рўёрўӣ комилан тағйир ёфта, таҳдидҳои зикршуда дигар фақат бар зидди роҳбарият, ниҳодҳои давлатӣ ё ҳукумати Тоҷикистон равона нашудаанд, балки онҳо ба худи арзишҳои миллию дунявӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ, сохти давлатдории кишвар, тарзи озоди ҳаёти шаҳрвандон, манфиату озодиҳои инсонии тамоми мардум, шахсияту моликияти шахсии аҳолӣ, ҳаёти инсонҳо ва дар ниҳоят, ба худи мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии мустақил таҳдиди ҳаётӣ мебошанд. «Замоне, ки сухан аз манфиатҳои миллӣ ё рўёрўии усулии арзишҳо ва ҷаҳонбиниҳо меравад, ҳеҷ зиёии асил наметавонад берун аз он қарор доштаву мавқеи бетарафӣ гирад. Яъне зиёӣ шояд тавонад нисбат ба баҳси ду гурўҳи қудратӣ ё ду ҳизби сиёсӣ дар дохили низоми сиёсию арзишии кишвар «бетараф» бошад, аммо нисбат ба таҳдидҳо ба манфиатҳои миллӣ, суботу амният, сохти давлатдорӣ ва арзишҳои усулӣ бетараф будани зиёӣ имконнопазир ва тасаввурнашаванда аст. Зеро зиёӣ будани зиёӣ маҳз дар ҳамин лаҳза ва ҳамин масъала мушаххас мегардад. Маҳз дар ҳамин лаҳза аз сўи зиёиён метавонад огоҳона ё ноогоҳона хиёнати арзишӣ сурат гирад. Сипас таърих ва таърихнависон метавонанд онро хиёнати сиёсӣ ё миллӣ унвон диҳанд. Ҳамон гуна, ки имрўз дар шабакаҳо аз Фитрату ҳамсафонаш бо чунин унвонҳо ёдоварӣ мешавад»,-изҳор медорад коршинос.

Бояд гуфт, ки воқеаҳои Қазоқистон нишон доданд, ки ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ на танҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда, балки дар кишварҳои нисбатан пешрафта низ реша давонида метавонанд. Ифротиён ва террористон бештар табақаҳои осебпазири ҷомеа (ҷавонон, занон, шаҳрвандони бешуғл, муҳоҷирони меҳнатӣ)-ро ҷалб намуда, таълимоти худро миёни онҳо паҳн менамоянд.

Ба андешаи сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, бо гузашти 21 сол аз асри нав ҳанӯз ҷомеаи Осиёи Марказӣ натавонистааст дар зиндагии рӯзмарраи худ ҷилваҳои мусбати раванди ҷаҳонишавӣ, аз қабили марзи муштарак (рафтуомади озод миёни кишварҳо), иқтисоди ҳампо ва суботу амнияти саросариро эҳсос намояд. Вале пайомадҳои манфии он, монанди буҳронҳои иқтисодӣ, ҳуҷуми як фарҳанг болои фарҳанги дигар, нооромию бесуботӣ ва густариши ифротгароиву терроризм ҳаёти тамоми мардуми минтақаро зери сояи сангини худ қарор додаанд. «Аз ин рӯ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, бо шуғл ва ҷои кор таъмин намудани табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҷоннок намуда, барои аз зери таъсири ифротиён баровардани ҳар фарди роҳгумзада талош намоянд»,-иброз медорад З.Давлатов.

Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки саҳифаҳои сомонаю шабакаю расонаҳои интернетӣ моломоли навиштаҳои ифротиёни тоҷиканд, ки ҳадафмандона идора мешаванд. Ин ифротиҳо имкони аз сомонаю шабакаву расонаҳо ба кӯчаҳо рехтан доранд. Агар кор чунин сурат гирад, на танҳо одамон, балки арзишҳои инсонии равонию рӯҳонӣ тағйири мавқеъ мекунанд. Таҳдидҳо ба истиқлоли давлати Тоҷикистон танҳо маҷозӣ нестанд, балки воқеиянд. Ғафлату бетафовутӣ ё тарсу фурсатталабӣ, бетарафӣ дар чунин вазъиятҳо зараре баробари фоҷиаи миллӣ дорад.

“Вақти он расидааст, ки аҳли қалам, зиёиёни мактабию донишгоҳӣ, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, занон, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ “контенти мусбат” офаранд. Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Нуран алонур мебуд, агар дар саҳифаҳои интернетӣ ва фазои иттилотӣ андешаҳои бунёдии арзишмеҳвар нисбат ба андешаҳои ифротӣ хеле зиёд мебуданд. Ин майдони муборизаи таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, ёддошту шарҳҳо, раҳнамоиҳо мусоҳибаҳо, муқоисаҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, маводи савтию тасвирӣ буда, ҷаҳду талоши мунтазами шаҳрвандони ватандӯстро талаб менамояд. Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои маҷозӣ бояд сангардор бошему муҳофизи ватани азизамон”.

Ба зикри коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо, дар чунин вазъияти печидаи таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ ва арзишию тамаддунӣ, аҳли зиё бояд дар канори масъулияти касбии худ ба рисолати бузурги миллию давлатдории худ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд.

«Имрӯз агар зиёии мо моҳияти таҳдидҳои замони навро дарк накунад ва дар ин вазъияти мураккаб давлати миллӣ ва ҳукумати худиро танҳо гузорад, агар тафаккури таассубу ифротгароӣ пирўз ояду низоми арзишҳо бишканаду давлати миллӣ осеб бинад, ҳамаи мо дар назди таърих ва миллат масъул хоҳем буд. Ин масъала дигар ҷойи баҳс надорад»,-афзуд дар охири суҳбат Абдуллоҳи Раҳнамо.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон