Валентина Матвиенко 24-25 феврал бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад

Февраль 11, 2022 12:53

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко 24-25 феврал бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 10 феврал, Сафири Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба ТАСС хабар дод.

«Рӯзҳои 24-25 феврал раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода вохӯриҳо баргузор мекунад», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сафири Русия, дар рӯзнома баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон, рушди равобити байнипарлумонӣ дар назар аст. «Интизор меравад, ки Матвиенко дар ҳамоиши байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои ду кишвар ширкат варзад ва ҳамчунин аз майдони сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он яке аз панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешавад, боздид намояд», — гуфт Лякин-Фролов. Вай афзуд, ки ба ҳайати Русия гурӯҳе аз сенаторҳо, намояндагони вазоратҳои бахши иқтисодӣ ва соҳибкорон шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 зимни сафари расмӣ ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москва бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот карда буданд.

Рустами Эмомалӣ ба раиси палатаи болоии парлумони Русия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори миннатдории самимӣ намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои мубрами шарикии стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузорӣ таъкид карда, самимона Валентина Матвиенкоро барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват карданд.

10-11 ноябри соли 2021 ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар сиғаи онлайн дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Анҷумани VII байналмилалии «Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ», ки баргузории он моҳи феврали соли 2022 дар назар аст, доир шуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид