Вазорати маориф ва илм: Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд бардошта мешавад

Февраль 3, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 3.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии мамлакат, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз он изҳори нигаронӣ намуда буданд, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки дар ин самт аллакай аз ҷониби вазорат нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, корбарӣ идома дорад.

«Дар муассисаҳои олии мамлакат низ тибқи талабот ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ роҳандозӣ мегарданд.  Аллакай мо аз донишгоҳу донишкадаҳо шурӯъ намудем ва кӯшиш дорем танҳо ихтисосҳои заруриро дар муассисаҳои олии мамлакат ҷорӣ намоем. Инчунин тамоми барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ таҳия гардидаанд», -илова намуд Вазири маориф ва илм.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат (21 декабри соли 2021) аз сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки «бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд», — изҳор намуданд Сарвари давлат.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!