Юсуф Раҳмон: Аз ҷониби мақомоти Прокуратура беш аз 85 ҳазор қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 вобаста ба назорати риояи иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар маҷмӯъ 6291 санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, 85 198 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 184 514 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон маълумот дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни нишаст.
Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, дар фаъолияти корӣ мақомоти Прокуратураи кишвар диққати асосиро ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода, тарзу усулҳои нави прокурорӣ ба роҳ монда, самаранокии фаъолиятро баланд бардоштанд.
Зикр гардид, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад.
Мавсуф зикр намуд, ки дар як вақт ҷиноятҳои одамкушӣ 4 адад, ғоратгарӣ 23 адад, авбошӣ 101 ва ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ 143 адад нисбат ба соли қаблӣ камтар содир шудаанд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон нисбат ба соли 2020 30 адад камтар содир шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки баррасии саривақтию пурра ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомот қарор гирифта, аз ҷониби дастгоҳи марказӣ 1750 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 178 муроҷиати шифоҳӣ ва тариқи интернет-қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 200 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ карда шудаанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






