«ЗАБОНИ МОДАРӢ — ИН БУНЁДИ МИЛЛАТ ВА ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ». Имрӯз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day) таҷлил мешавад

Февраль 21, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 феврал, Рӯзи байналмилалии забони модарист, ки соли 1999 дар Конфронси генералии ЮНЕСКО тасвиб шуд ва аз соли 2000 ба ин сӯ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба манзури густариши гуногунии забону фарҳанг ва чандзабонӣ таҷлил мешавад. Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи соли 2002 аз эълони ин рӯз истиқбол кард.

Ин сана ба хотири таҷлили ҳодисаҳои 21 феврали соли 1952 интихоб шудааст, ки дар он рӯз дар Дакка, пойтахти Ҷумҳурии кунунии Бангладеш донишҷӯёне, ки барои дифоъ аз забони модарии худ ба забони банголӣ ба намоиш баромада буданд, аз тирҳои пулис кушта шуданд. Эътирозгарон талаб карданд, ки он яке аз забонҳои давлатии кишвар эътироф гардад.

Забони модарӣ баёнгари худшиносӣ ва пайванди наслҳост. Вай бо таърихи мардум зич алоқаманд буда, ягонагии онро таъмин намуда, гарави асолати он мегардад: он миёни соҳибонаш алоқаи ногусастанӣ ба амал оварда, асоси миллатро ташкил мекунад.

Соли 2022 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ба мавзӯи “Истифодаи технология дар омӯзиши чандзабонӣ: мушкилот ва имконият” бахшида мешавад, ки дар он нақши эҳтимолии технология дар пешбурди таҳсилоти бисёрзабона ва дастгирии рушди босифати таълиму омӯзиш барои ҳама баррасӣ мешавад.

ЮНЕСКО чунин мешуморад, ки таълими забони модарӣ бояд аз хурдсолӣ оғоз ёбад. Ин дар шароити пандемияи COVID-19 муҳим аст, зеро он бо паҳншавии маълумоти бардурӯғ ҳамроҳ шуда, дарёфти маълумоти дақиқ ва ҳаётан муҳимро дар бораи он мушкил мекунад. Маълумот дар бораи пандемия ва чораҳои муҳофизатию пешгирӣ бояд барои ҳама, аз ҷумла мардуми таҳҷоӣ дастрас бошад.

Соли 2008 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Соли байналмилалии забонҳо эълон шуда буд. Соли 2010 Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо эълон гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатънома аз 18 декабри соли 2019 солҳои 2022-2032-ро Даҳсолаи байналмилалии забонҳои бумии ҷаҳон эълон кард, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти фалокатбори аз даст додани бисёр забонҳои бумӣ ва сафарбар кардани ҷонибҳои манфиатдор ва захираҳо барои ҳифз, эҳё ва таблиғи онҳо ҷалб намояд.

Имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 6000 забон мавҷуданд, ки 43% онҳо зери хатари аз бапйн рафтан қарор доранд. Танҳо чандсад забон дар низоми маориф ва соҳаи ҷамъиятӣ нақши барҷаста дошта, дар ҷаҳони рақамӣ камтар аз сад забон истифода мешаванд. 40% аҳолии ҷаҳон наметавонанд бо забоне, ки онҳо мефаҳманд, таҳсил кунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инро дарк карда, борҳо таъкид намудаанд, ки «забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.


5 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон ва ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ дохил карда шуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муайян намуда, дурнамои рушди онро дар давраи Истиқлолияти давлатӣ — дар шароити дигаргуниҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузориву муошират эътироф гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд, ки он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ ба табъ расид.

Дар зер иқтибосҳоро аз китобҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба забони модарии тоҷикӣ пешниҳод менамоем:

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

***

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад.

***

Дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо — тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

***

Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

***

Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

***

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

***

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

***

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

***

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» — ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

***

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

***

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

***

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

***

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошанд.

***

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

***

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

***

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

***

Зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.

***

Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

***

Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем.

***

Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.

***

Ба хотири дастрасии ҳарчи бештар ба сарчашмаҳои дасти аввал бояд шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати форс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

***

Мояи сарфарозиву ифтихори мо — ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

***

Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

***

Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.

***

Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо — Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.

***

Масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки ман борҳо гуфтаам. Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст.

***

Забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад. Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

***

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд. Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.

***

Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд.

***

Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад.

***

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

 

АКС: Хадамоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон