8 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» иштирок мекунанд

Март 30, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз  1 то  3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия   Мусобиқа  оид  ба намуди  гӯштини дзюдо-  «Antalya Grand Slam 2022» баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа дастаи  мунтахаби гӯштини дзюдои  Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат мекунад:

-60кг – Меҳрзод СӮФИЕВ
-66кг – Абубакр ШЕРОВ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100кг – Абубакри АКОБИР
+100кг – Темур РАҲИМОВ

Мавриди зикр аст, ки қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

Ёдовар мешавем, ки  паҳлавони маъруфи тоҷик  Темур Раҳимов дар  мусобиқаи  «Tel Aviv Grand Slam 2022», ки  17-19 феврали соли 2022  дар пойтахти  Исроил  баргузор шуда  буд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамчунин паҳлавони шинохтаи  кишвар  Комроншоҳи Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ  шуда  буд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Март 30, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад