АҲСАНТ! Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев чемпиони Осиё оид ба кураш шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 19 март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе шуруъ шуд, медали тилло гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истнод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯ дар вазни +100кг дар финал варзишгари Узбекистон Шоҳрух Усмоновро мағлуб кард.
Варзишгарони мо дар рӯзи аввал, инчунин 1 медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни -90кг дар финал аз Масъуд Бароталӣ Қавибозуи эронӣ шикаст хурда, ҷои дуюмро сазовор шуд. Умар Расулов дар вазни -81кг ва Мавлуда Асламова дар вазни -87кг ҷойҳи сеюмро мушарраф гардиданд.
Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон
Натиҷаҳои рӯзи аввал
Бонувон
-52кг
- Ҳилола ОРТИҚБОЕВА (Узбекистон)
- Чиа-Вен ТСОУ (Тайпей)
- Ананда ДИТА (Индонезия)
- Тоҳира Худобахш ОЗАРПАЙВАНД (Эрон)
-70кг
- Шаҳноза БОЗОРОВА (Узбекистон)
- Ван-Тинг ЛИ (Тайпей)
- Мерим МУМИНОВА (Қирғизистон)
- Дунё Қосим ОҒОӢ (Эрон)
-87кг
- Ҳси-Тзу ЯНГ (Тайпей)
- Зуҳро Ҳашматулло БАҲОРӢ (Эрон)
- Мавлуда АСЛАМОВА (ТОҶИКИСТОН)
- Юлдуз МУҲАММАДИЕВА (Узбекистон)
Мардҳо
-66кг
- Артём ШТУРБАБИН (Узбекистон)
- Қосим Валимурод НУРИЗОДА (Эрон)
- Бйамбасурен УЛЗИИБАЙАР (Муғулистон)
- Ҳао-Ченг ЧАН (Тайпей)
-81кг
- Умед ЭСАНОВ (Узбекистон)
- Умед Исмоил ТЕЗТАК (Эрон)
- Умар РАСУЛОВ (ТОҶИКИСТОН)
- Минҳ Қуан БУӢ (Ветнам)
-90кг
- Масъуд Бароталӣ ҚАВИБОЗӮ (Эрон)
- Ҳақназар НАЗАРОВ (ТОҶИКИСТОН)
- Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон)
- Чингизхон МЕДЕТОВ (Қазоқистон)
+100кг
- Додохон ҚУРБОНАЛИЕВ (ТОҶИКИСТОН)
- Шоҳрух УСМОНОВ (Узбекистон)
- Каназип ЙЕА-ОН (Тайланд)
- Чиен-Ҳунг ЧЕН (Тайпей)
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок доранд.
Имрӯз қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -57кг, -63кг, +87кг миёни бонувон, -60кг, -73кг, -100кг миёни мардон доир мегарданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






