Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи 24-уми Мақоми ёрирасон оид ба масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва технологӣ (SBSTTA-24), ҷаласаҳои 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсия (SBI-3) ва Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-3), ки аз 14 то 29 март дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласаҳо масъалаҳои раванди мониторинг дар чаҳорчӯби иқдом пас аз соли 2020 барои ҳифзи гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ, гуногунии биологӣ ва кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва саломатӣ ва намудҳои бегонаи инвазивӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласаҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба биологияи синтетикӣ, арзёбии хатарҳою идоракунии организмҳои тағйирдодаи генетикӣ ва барномаи кории Платформаи байниҳукуматии сиёсати илмӣ оид ба гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистемавиро муҳокима намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






