АМАЛИ ХАЙР. Дар Душанбе бахшида ба иди Наврӯз ба 50 нафар нобиноён дастархони идона ороста гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили пуршукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз соҳибкор Муҳибҷон Бобоҷонов дар тарабхонаи «Czn—Burak»-и шаҳри Душанбе ба 50 нафар нобиноён дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста, бо супоридани туҳфаҳои хотирмон онҳоро болидахотир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Соҳибкор Муҳибҷон Бобоҷонов дар маҳфили идона ҳозиринро бо иди Баҳору Наврӯз табрик намуда изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати инсонпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу осишта ба сар бурда, аз кумакҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорон бархӯрдор мегарданд.
Зикр гардид, ки Наврӯзи имсола аҳамияти хоса дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. «Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт»,-изҳор дошт Муҳибҷон Бобоҷонов.
Қобили зикр аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор, беморон ва нафарони қобилияташон маҳдуд ғамхорӣ зоҳир намуда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Муҳибҷон Бобоҷонов пайваста дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки тарабхонаи «CZN Burak» 8 январи соли 2022 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар шаҳри Душанбе зиёда аз 150 нафар, бахусус ҷавон ва духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тарабхонаи «CZN Burak» дар шафати Боғи «Истиқлолият»и шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз муаллиф












Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






