Анзор Кавазашвили пешниҳод кард, ки футболбозони тоҷик ба дастаи мунтахаби ИДМ шомил шаванд

Март 30, 2022 14:28

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ дарвозабони дастаи футболи «Спартак»-и Москва ва дастаи мунтахаби ИҶШС Анзор Кавазашвили дар бораи пешниҳодаш ба Иттифоқи футболи Русия оид ба ташкили дастаи мунтахаби ИДМ, ки ба он намояндагони Точикистон низ дохил хоҳанд шуд, изҳори назар намуд.

«Пешниҳоди дигаре ҳаст, ки ман ба Иттифоқи футболи Русия дар бораи таъсиси дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ (Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва ҳатто Гурҷистон) ирсол намудам. Кӯшиш карда, аз ҳар кишвар як мураббӣ гирифта шавад ва аз онҳо ҳайати мураббиён ташкил гардад. Кӯшиш бояд кард, ки 9 ё 1 май дар варзишгоҳи «Лужники» бозии санҷишии тиҷоратӣ бо мукофоти калон гузаронида шавад. Ин барои он зарур аст, ки мардум бинанд, ки Иттифоқи футболи Русия таслим нашудааст. Бозӣ бояд сиёсӣ бошад, то дар ҷаҳон ақидаи муайяне ба вуҷуд орад, ки мо дилгир намешавем ва ҳамеша спарринг-шарикон пайдо хоҳем кард», — гуфт Кавазашвилӣ ба «Комсомольская правда».

ДАР АКС: Пеле ва Анзор Кавазашвили баъди бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ИҶШС ва Бразилия, соли 1965. Акс: © Владимир Мусаэлян/ТАСС

Ёдовар мешавем, ки соли 1992 дастаи мунтахаби футболи ИДМ — вориси дастаи ИҶШС мавҷуд буд. Дар ҳайати он футболбозони Латвия, Литва ва Эстония бозӣ намекарданд, зеро ин кишварҳо узви ИДМ набуданд ва аллакай дастаҳои мунтахаби худро ташкил карда буданд. Дар баробари ин намояндаи Гурҷистон, ки соли 1992 дар ҳайати ИДМ набуд, дар ин мунтахаб бозӣ мекард, ки он Кахабер Тсхададзе буд. Дар ҳайати мунтахаб футболбозони Тоҷикистон набуданд — бозингарони маъруфи «Помир»-и Душанбе  Андрей Мананников, Абдулло Муродов, Рашид Раҳимов, Алексей Чередник, Вазген Манасян, Олег Ширинбеков, Муҳсин Муҳаммадиев ва дигарон аллакай ба дастаҳои кишварҳои дигар даъват шуда буданд.

Дастаи мунтахаби ИДМ дар чемпионати Аврупо оид ба футбол соли 1992 дар Шветсия ба ҷойи мунтахаби ИҶШС, ки ба ин мусобиқа роҳхат гирифта буд, ширкат кард ва зери парчами сафед, ки дар он бо забони англисӣ C.I.S. (Commonwealth of Independent States) навишта шуда буд, бозӣ намуд ва ба ҷойи гимн пеш аз вохӯрӣ қисми хотимавии симфонияи 9-уми Бетховен садо дод. Анатолий Бишоветс мураббии дастаи мунтахаби ИДМ буд.

АКС аз бойгонӣ

Март 30, 2022 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад