«ҶАШНИ ЗАМИНУ КАЙҲОН — НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН!». Имрӯз аз иди фархундаи халқи некоину хушхилқати тоҷик сухан бигӯед
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сухан аз Наврӯз — сухан аз пирӯзиҳои миллати тоҷик аст! Сухан аз Наврӯз- сухан аз хуҷастагиҳои миллати мост. Сухан аз Наврӯз сухан аз хирад, фазилат, маърифат, сухан аз фарҳангу ҳунар … ва фархундагиҳои бешумори дурахшони халқи некоину хушхилқати тоҷик аст.
Наврӯз ва миллати тоҷик ду мафҳуми ба ҳамтавъаманд. Ду боли як Симурғи армонҳои баландпарвоз, ду рӯйи як чеҳраи азалии хирад, ду дидаи дурбину дурахшони хайру некӣ ва ду дасти як сиришти ҷавонмардонаи футувват дар рӯйи олам.
Чунин нигоштааст дар васфи Наврӯзи хуҷастафолу некпайи тоҷикон Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.
Агар гӯянд, ки симои миллии ин ва ё он халқро дар кадом суннату маросимаш метавон таҷассум кард, бидуни таъхир хоҳем гуфт: симои миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои зоҳириву ботинӣ, маънавию воқеии миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои ягон миллату халқе чунин барҷаста дар маросими миллияш муҷалло нашудааст, чунон ки симои миллати тоҷик дар маросиму ойину суннатҳои ҳаётбахши Наврӯзаш муҷаллост.
Ба андешаи банда, Наврӯзи тоҷикон шабеҳи он китоби дастнависи қадимиест, ки хат ба хат, саҳифа ба саҳифа, боб ба боб ин халқи куҳанбунёду фарҳангсолору соҳибзавқ бо табъи худододи эҷодкор, бо дасти ҳунарманду шарифи худ дар саҳифаҳои таъриху рӯзгорон онро сабт кардааст. Ин китоби мунаққашу зебо аржангест, ки саросар бо ҳама тасвирҳо, нақшу нигору наворҳои дилангези худ мафтункунанда ва пур аз эъҷоз аст. Ин китоби хирад, фазилат ва панду ҳикмати бегазанди рӯзгорон аст, ки ин пири барнодилу донишманд, соҳибзавқу накӯтабъ бо номи миллати тоҷик дар тӯли асрҳо бар алайҳи ҳама нобасомониҳову шигифтиҳои рӯзгору таърих бо таҳаммулу тамкин, бо фурӯғи нурҳои лоязоливу Яздонӣ эҷод кардааст.
Воқеан, агар ҳар касе мехоҳад симои воқеии миллати моро бубинаду шиносад, кофист, ки симои Наврӯзи моро барои худ кашф кунад. Наврӯз таҷассуми чеҳраи инсонӣ, хираду фазилат, одобу маърифат, илму адабу дониш ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқи тоҷк мебошад. Наврӯз симои некӣ: гуфтору кирдору пиндори нек, Наврӯз симои ишқу муҳаббат, сулҳу салоҳ, инсондӯстиву инсонпарварӣ, меҳанпарстиву заҳматдӯстӣ, симои хайрхоҳии миллати тоҷик аст.
Наврӯз гувоҳи озодагии миллати озоду озодаи мо дар ин сарзамини озодагон аст. Наврӯз гувоҳи ростиву росткории ин миллати некманиш дар ин остони ростон аст, Наврӯз гувоҳи ҳастии бегазанди ин халқи заҳматкашу фазилатсиришт дар ин сарзамини аҳуроии бостон, дар ин хоки муқаддаси Ориёно ва Хуросони бузург, сарзамини биҳиштосои тоҷикон аст!
Наврӯз саросар бо ҳар одобу анъана, урфу одат, ойину маросим башорати башардӯстонаии миллати мост. Башарӣ шуданӣ Наврӯз бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ва эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани он беҳуда нест. Тамоми ниятҳо ва ҳадафҳои неки Наврӯз ва тамоми ойинҳои миллии мо ба дарди башар, ба дарди инсоният мехӯранд, одамони ирқу нажоди гуногун онро қабул доранд, зеро, ки барандаи нури хирад ва паёми некиву хайрхоҳӣ, ишқу сулҳу салоҳ, суруду сурур аст.
Наврӯз миллати қадимиву фарҳангсолори моро дар тӯли таърихи хеле гарону хунину бераҳм ба шарофати суннатҳои волои некаш зинда доштааст. Имрӯз вазъи ҷаҳони нобасомон чунин аст, ки танҳо ҳамин Наврӯзи некманишу некбин, хайрхоҳу сулҳпарвару инсондӯсту башарпарвари мо метавонад бо ҳадафҳои волои башардӯстонаи худ инсониятро аз ин вартаҳои муҳлик раҳоӣ бахшад.
Агар мо Наврӯзро қабул дорем, агар Наврӯз раҳнамои инсонҳост, агар Наврӯз воқеан ҷаҳонист, имрӯз он метавонад моро наҷот бахшад, Наврӯз метавонад моро ба сулҳу салоҳу осоиштагӣ, ба меҳру муҳаббату меҳрубонӣ, ба ягонагӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии хушбахтона дар саросари олам раҳнамо бошад.
Зеро суннатҳои неки Наврӯз ин рисолат ва ин ҳақиқатро дар худ доранд. Чунки ҳадафҳои волои Наврӯз мусоидат ба ин ҳадафи воло мекунанд.
Бубинед, яке аз суннатҳои олии Наврӯз, ки дар олам шабеҳ надорад, ба замми садҳо суннати некбинонаву зебоипарасташ- ин суннати бахшидани гуноҳон аст. Дар рӯзи Наврӯз одамон бояд гуноҳони ҳамдигарро бубахшанд, балки Наврӯз вомедорад, ки одамон аз баҳри гуноҳони ҳамдигар гузаранд. Хуҷастагии ин суннатро бубинед, ки вомедорад ҳатто душманон дӯст шаванд. Оё ин ғояти баланди зуҳури хираду фазилати инсонӣ нест, ки дар ин суннати наврӯзии мо арзи вуҷуд кардааст!?
Ҳаббазо, ба чунин ойин, ба чунин суннат, ки душманиро аз байни инсонҳо бубарад. Ман ифтихор мекунам аз ин вожа- вожаи «Наврӯз», ки вожаи ноби забони модарии ман, забони тоҷикист. “Нав” ва “рӯз”- Наврӯз — ин ду пора нур ва пайки нек ба ҳам васл гардида, як олам рӯшноӣ ва хираду нишот мебаранд.
Имрӯз, ки инсоният дар вартаҳои муҳлики ҷангу марг қарор дорад ва мусаллам аст, ки оқибатҳои шигифтангези ин бархӯрдҳои бадбинона ба фоҷиаҳои нобахшидание хоҳанд овард, ки таҳдиди марговар ба тамоми инсоният, ба сайёраи Замин доранд, ба андешаи ман танҳо Наврӯз, Наврӯзи хуҷастапайу хуҷастахисоли мо бо ойину суннатҳои неку хайрхоҳона, инсонпарваронаву башардӯстонаи худ метавонад инсониятро аз ин вартаҳои фоҷиазо раҳоӣ бахшад. Бахшидани гуноҳон, истиқбол аз ҳамдигар, оғӯш кушодан ба пирӯзиҳои сулҳу салоҳ ва хушбахтии инсонҳо- суннатҳои мондагори Наврӯзи тоҷиконанд!
Ин аст, ки дар арафаи ин ҷашни хуҷастаи инсоният бори дигар Наврӯзи Аҷам моро ба сулҳу салоҳ ва бахшидани гуноҳон даъват мекунад. Дуо мекунем, ки ин суннати олӣ ва ин даъвати Наврӯз аз ҷониби башарият истиқбол ёбад.
Орзу мекунем, ки Наврӯзи мо ҳарчи бештар ҷаҳонӣ бошад, то сайёраи Замин ва сокинони онро аз балоҳои заминиву осмонӣ нигаҳ дорад. Бигузор дар ин айёми Наврӯзи гулпӯшу сабзқабо башариятро дар рӯҳияи неки ҳамзистии осоишта, меҳру муҳаббат, дӯстиву бародарӣ ҳамқадаму ҳамоғӯш бубинем.
Наврӯзи фаррухпай хуҷаста бод!
Дар зер ду шеъри тозаи наврӯзӣ пешниҳод мешаванд.
НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН
Озодагии имон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Шодоби файзу эҳсон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Пероҳани муҳаббат, перояи саодат,
Дар пайкари ҳар инсон, Наврӯзи Точикистон!
Пайки умедворон, уммеди дӯстдорон,
Некӣ ба душмани ҷон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Андар само ба ҷавлон рӯҳи бузургворон,
Шогунаи азизон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Имдоди додҷӯён, иршоди шодрӯён,
Дастони хайрафшон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Шаббодаи сафоро, лутфи дари Худоро
Бар дӯши мо бияфшон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Як сӯй гулфишонист, як сӯй дилфишонист,
Як сӯй бӯсаборон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Пар боз кун чу Симурғ, эй парчамат парафшон,
Ҷашни замину кайҳон, Наврӯзи Тоҷикистон!
НАВРӮЗ МЕДАРОЯД
Рав, ишқро садо кун, Наврӯз медарояд!
Бархезу дасту по кун, Наврӯз медарояд!
Дигар мабош маҷзуб, зан обу хонаро рӯб,
Рав, ғуссаро раҳо кун, Наврӯз медарояд!
Аз сурате биҷӯ сур, аз нусрате биҷӯ нур,
Рав, ноларо наво кун, Наврӯз медарояд!
Аз модарон дуо гир, уммед аз Худо гир,
Азми раҳи сахо кун, Наврӯз медарояд!
Аз фазли пир панде, аз лафзи тифл қанде,
Гиру ба сина ҷо кун, Наврӯз медарояд!
Чун чашма азми раҳ кун, бо чашми гул нигаҳ кун,
Рав, сулҳро садо кун, Наврӯз медарояд!
Мурғи қафас раҳо бод, мурғи нафас раҳо бод!
Ғамро зи дил ҷудо кун, Наврӯз медарояд!
Покиза кун дилатро, покиза манзилатро,
Дар сина меҳр ҷо кун, Наврӯз медарояд!
Рав, ранҷи синаеро ё доғи кинаеро
Бо бӯсае даво кун, Наврӯз медарояд!
Аз гул шукуфтан омӯз, аз сабза гуфтан омӯз,
Арғушт бо сабо кун, Наврӯз медарояд!