«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид

Март 17, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар пойтахти мамлакат Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» оғоз гардид, ки он то 19 марти соли равон  идома меёбад. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Фестивал иштирокчиён нахуст дар фазои тантанавӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.

Сипас дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат- мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо,  ҷавонон» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, намояндагони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, донишҷӯёни хориҷии пойтахт, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмиллалӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш  зикр кард, ки ҷавонон ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди Тоҷикистон буда, дар пешрафти  кишвар, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон, инчунин  муаррифии  мамлакат  дар ҷаҳони мутамадин  саҳми намоён  мегузоранд.


Дар ҳамоиш масъулини дигари сохтору идораҳо дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии Наврӯз», «Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат-мактаби бузурги тарбияи худшиносии насли ҷавон», «Дастгирии давлатии ҷавонон омили муҳими расидан ба ҳадафҳои созанда» ва ғайраҳо маърӯза  намуданд.

Дар доираи барномаи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» дигар чорабиниҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

 

АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 17, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид