Аз 1 март дар нақшаи ҳаракати аксари хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйирот ворид гардид

Март 1, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 01.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 марти соли равон ҷиҳати интиқоли муcофирон то Маркази савдои «Кӯшониён» дар аксари хатсайрҳои пойтахт тағйирот ворид карда шуд, хабар доданд дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, ба нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ — бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои «Балх», тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои «Кӯшониён» ва хатсайри микроавтобусии №19 (маҳаллаи Пахтакор — боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои «Кӯшониён» тағйирот ворид гардид.

Ҳамзамон ҳамарӯза аз маркази савдои «Кӯшониён» хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор — бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурудгоҳи кӯҳна — бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли «Чорбоғ»- МТМУ №61), №21 (кӯчаи Гагарин (ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ — бозори «Кӯшониён» ва №53 (кӯли «Чорбоғ»- НФС «Газпром») ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии хатсайрҳои автобусии муосири ватанӣ ва хатсайрҳои микроавтобусии болозикр истифода баранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад