Аз 25 то 30 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе хиёбонҳои Душанбе маҳдуд мегардад
ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ ва 28-30 март аз соати 07:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С.Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.
Тавре дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон мебошад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад






