Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ мусобиқаи бандкашӣ баргузор шуд

Март 17, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 март бахшида ба Иди байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи даставии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ  оид ба бандкашӣ байни дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа  ҷойи аввалро дастаи варзишгарони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, мақоми  дуюмро дастаи варзишгарони қисми мустақили 5-и  ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Синои пойтахт ва зинаи  сеюмро дастаи варзишгарони қисми мустақили 1-и  ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ишғол намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи намуди бандкашӣ 17 дастаи варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд.

Тавре саркотиби мусобиқа-муҳандиси калони шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД ҶТ,  подполковники хизмати дохилӣ Шариф Шарифзода гуфт,  мусобиқаи даставии мазкур мутобиқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии TWIF (бо анъанаҳои миллӣ) таври олимпӣ, яъне хориҷ шудан баъди бохт гузаронида мешаванд. Ҳайати дастаҳо аз 7 нафар варзишгар ва 1 нафар мураббӣ иборат буда, дастаҳои варзишгарон мувофиқи қуръапартоиӣ қаблӣ бо якдигар рақобат мекунанд. Ғолибони мусобиқа бошанд, аз рӯи шумораи зиёди ғолибият муайян карда мешаванд.

Дар интиҳои чорабинӣ ёрдамчии сардори СХДО, подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.


 

АКСҲО: ВКД ҶТ

Март 17, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид