Бахшида ба Рӯзи Модар раиси шаҳри Кӯлоб момоҳои табаррукро аёдат кард
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар» /. 3 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ба аёдати 13 нафар занони собиқадори шаҳр рафт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Сараввал Бахтиёр Назарзода барои аёдат ба хонаи истиқоматкунандаи деҳаи Ёхсучиёни Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб, собиқадори меҳнат Райҳонбӣ Нозимова рафт. Бахтиёр Назарзода ин момои табаррукро ба муносибати Рӯзи Модар ва ба синни мубораки 107 расиданаш табрик гуфта, ба ӯ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуд. Мавриди зикр аст, ки Райҳонбӣ Нозимова солҳои тӯлонӣ умри хешро сарфи корӣ деҳқонӣ намуда, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон саҳми назаррас гузоштааст.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб собиқадори меҳнат Шаҳзода Мирзоеваро аёдат намуда, аз ҳолу рӯзгораш пурсон шуд. Ҳоло ин момои табаррук дар синни мубораки 102 қарор дорад.


Дар идома Бахтиёр Назарзода ба аёдати сокини шаҳри Кӯлоб Гулизор Тоҳирова рафта, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Зикр шуд, ки саҳми бонувон ва модарони шаҳри Кӯлоб дар пешрафту нумуи соҳаҳои гуногун назаррас мебошад. Бахтиёр Назарзода меҳнату заҳматҳои Гулизор Тоироваро нек арзёбӣ намуда, ба ӯ Сипоснома ва туҳфаҳои идона тақдим намуд.
Ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб ба аёдати собиқадорони меҳнат Эронбӣ Саидова, Исқолбӣ Маҷидова ва чанде дигар рафта, аз кору рӯзгорашон пурсон гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






