«Бухоро» беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе дониста шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 29 март даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар он тарабхонаи «Бухоро» ғолиби даври шаҳрӣ дониста шуда, бо ҷоиза ва Диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе доир гардида, мақсад аз он рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ мебошад.
Зимни ифтитоҳи маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт сухан гуфта, ғолибони озмунро барои ба зинаҳои ифтихорӣ сазовор гардидан табрик намуд.
Дар асоси Низомномаи озмун, барои ғолиб омадани ин ё он тарабхона тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпазу дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Дар озмун намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахт низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон дар номинаи «Беҳтарин менеҷер» Сарвар Абдурауфов, дар номинаи «Беҳтарин пешхизмат» Елена Абросимова, дар номинаи «Беҳтарин ошпаз» Мавлонҷон Гиясов ва дар номинаи «Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона» тарабхонаи «Бухоро» ғолиб дониста шуда, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






