Дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ имконоти дохилии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Март 1, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Форум доир ба имконоти дохилии кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва содироти Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дод хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар Форум намояндагони АМА ва Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба  густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ ва муносибатҳои минбаъдаи дӯстонаи ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Дар кори Форум сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров маърӯза намуда, доир ба иқлиму шароити Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ маълумот дод.

Мавсуф гуфт, ки «мо ҳамроҳ бо сармоягузорони АМА метавонем Тоҷикистонро ба давлати эътимодноки дастраскунандаи маводи ғизоии хушсифат ва аз нуқтаи назари экологӣ тоза табдил диҳем, ки ин дар шароити афзоиш ёфтани аҳолии кураи Замин ва муаммоҳои пайваста ба дастрасии маводи хӯрокӣ хеле муфид аст».

Баҳодур Назаров зикр намуд, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза имконияти хуб дорад. Ба ин оби тозаи ширин ва 300 рӯзи офтобии кишвари мо имконият медиҳад. Инчунин барои сармоягузорони соҳаи кишоварзӣ имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ пешбинӣ карда шудаанд. Ҳамасола дар мамлакати мо зиёда аз 4,5 млн тонна сабзавот, мева, ангур, полезӣ ва картошка истеҳсол карда мешавад.

«Дар ин замина яке аз самтҳои ҳамкорӣ — ин коркарди меваю сабзавот, хушкмева ва содироти он ба АМА мебошад»,- афзуд мавсуф.

Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон имконоти кишоварзӣ ва мавзеъҳои зебои кишвари мо рӯнамоӣ гардиданд. Иштирокдорони Форум аз намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2020» дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2020» аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи АМА доир мегардад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд