Дар анбори корхонаҳои калони истеҳсоли орди вилояти Суғд захираи зарурии ғалла мавҷуд аст

Март 12, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар анбори корхонаҳои калони истеҳсоли орди «Фаровон», «Зерновая компания» ва «Зуҳал»-и вилояти Суғд захираи зарурии ғалла мавҷуд буда, воридсозии ғалла аз хориҷи кишвар мунтазам ба роҳ монда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон асъори хориҷиро бемамониат аз бонкҳо дастрас намуда, ғалларо ворид ва коркард карда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 11 март бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли орду равған машғуланд, шинос гардид.

Ба гуфти масъулини корхонаҳо, захираи маҳсулот дар корхонаҳо мавҷуд буда, барои таъмини аҳолӣ бо орд аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Дар вилояти Суғд  барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҳар ҳафта ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

АКС:  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Март 12, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст