Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо бештари медалҳоро намояндагони шаҳри Душанбе ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 март дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар Чемпионати мазкур рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо доир гардида, бештари медалҳоро намояндагони шаҳри Душанбе ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар чемпионати мазкур ҳудуди 180 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, дар 7 вазн миёни мардҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни калонсолон:
-60кг
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Душанбе-2)
2. Меҳрзод СУФИЕВ (Душанбе)
3. Идибеки АМИРШО (Душанбе-1)
3. Муҳаммадризо ҚУВВАТОВ (Душанбе-2)
-66кг
1. Нуралӣ ЭМОМАЛӢ (Душанбе)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе-2)
3. Баҳром СӮФИЕВ (Хатлон-2)
-73кг
1. Муҳаммад НАҶМИДДИНОВ (Душанбе-2)
2. Наврӯз КАРИМЗОД (Душанбе)
3. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе-2)
3. Муҳаммадисо РАҶАБОВ (Душанбе-2)
-81кг
1. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ (Душанбе-2)
2. Шодмон РИЗОЕВ (Душанбе)
3. Эраҷ АБДУЛЛОЕВ (ВМКБ)
3. Ҳайдар САИДКАБИРЗОДА (Душанбе)
-90кг
1. Ҳақназар НАЗАРОВ (ШНТМ)
2. Кароматулло ҲАКИМОВ (Душанбе)
3. Хусрав АЛАМОВ (ШНТМ)
3. Суннатулло ЛОИҚОВ (Душанбе-1)
-100кг
1. Раҳмон МАНСУР (Душанбе)
2. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
3. Абубакри АКОБИР (Душанбе)
3. Эмомризо АНВАРЗОДА (Душанбе-2)
+100кг
1. Темур РАҲИМОВ (ШНТМ)
2. Одил САФАРОВ (Душанбе)
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
3. Суҳробҷон МАҲМАДАЛИЕВ (ШНТМ)
АКС аз бойгонӣ








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






