Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар фестивал намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд.
Тавре иттилоъ доданд, нахуст дар чорабинӣ меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи сайёҳию наврӯзӣ, ки аз ҷониби сокинони пойтахт омода шуда буд, дидан намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонону иштирокчиёни фестивалро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе хайрамақдам намуда, ҳамагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик карданд.
Фестивали мазкур соли чорум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.
Боиси сарбаландии мардуми мамлакат аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишвар ва давлатҳои ба мо дӯсту бародар – Иттиҳоди давлатҳои Мустақил пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКСҲО: МИҲД ш.Душанбе















Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






