Дар Душанбе Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» оғоз шуд

Март 9, 2022 16:11

ДУШАНБЕ, 09.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ба кор оғоз намуд, ки дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идора, корпусҳои дипломатӣ, Дабири кулли Созмони «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё», роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори иҷлосияи мазкур инчунин намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок доштанд. 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни паёми шодбошӣ ташрифи меҳмононро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, баргузории иҷлосияи навбатии Созмонро дар ибтидои фасли зебои баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз аз ояндаи дурахшон ва таҳкиму густариши робитаҳои бисёрҷониба миёни шаҳрҳои Осиё арзёбӣ намуданд.


Тавре зикр гардид, имрӯз шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад.

Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин пойтахти фарҳангии кишварҳои минтақа пазируфта шуд.

Тайи ду рӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба майдони бузурги мубоҳисаҳо ва макони муколамаи шаҳрҳо табдил меёбад.


Дар форум роҳбарони шаҳрҳо сухан гуфта, оид ба таҳкиму густариши ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни мавриди назар арзи матлаб намуданд.

Дар иҷлосия иштирокчиёни он дар 5 ҷаласаи пленарӣ оид ба мавзӯъҳои «Шаҳри ҳушманд» («Смарт сити»), «Саёҳати шаҳрӣ», «Устувории шаҳрӣ», «Беҳтарсозии шаҳрӣ» ва «Саломатии шаҳрӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов иброз дошт, ки дар ҳошияи кори иҷлосия якчанд вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбарони шаҳрҳои иштирокчӣ пешбинӣ шуда, дар ҷараёни баргузории он иштирокчиён бо дастовардҳои пойтахт тайи даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуда, аз якчанд маконҳои таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат дидан мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми раисони шаҳрҳои Осиё ҳамчун созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ соли 2008 таъсис дода шудааст.


Пешниҳод оид ба таъсиси созмони мазкур зимни Ассамблеяи парлумонҳои Осиё баргузор гардид.

Шиори Форуми раисони шаҳрҳои Осиё чунин аст: «Осиё барои шаҳрвандон: ҳамгироӣ барои зиндагии беҳтар» ва мақсади асосии он – рушди ҳамкорӣ ва якпорчагии шаҳрҳо ва шаҳрвандони Осиё.

Гуфта шуд, ки айни ҳол 96 шаҳр аз 34 давлати дунё аъзои Форуми раисони шаҳрҳои Осиё мебошанд.

Иҷлосияи VI  Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома ёфта,  бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст мегардад.

Иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки Иҷлосияи шашуми Маҷмаи умумии  «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои роҳбарони шаҳрҳо барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани тадбирҳои заруриву муносиб саҳми сазовор мегузорад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 9, 2022 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад