Дар Душанбе маросими кушодашавии Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор гардид

Март 25, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 25.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар майдони 800 солагии Москваи пойтахт, маросими кушодашавии чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ  бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар маросими кушодашавӣ намояндаи  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Панҷшанбезода Муҳиддин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар,  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, намояндагон аз кишварҳои гуногун, иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ ва намояндагони васоити оммаи дохилу хориҷ ширкат доштанд.

Дар оғоз меҳмонон ва иштирокдорони ин чемпионати бонуфузи байналмилалӣ дар Боғи Куруши Кабир аз  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки беш аз се ҳазор нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ дидан намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, ҳамаи меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро, ки аз 30 кишвари олам ташриф овардаанд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

Раиси Федератсияи велосипедронии Осиё ҷаноби Осама ал Шафар зимни баромади хеш қайд намуд, ки «истиқболи гарму самимии мардуми бофарҳангу самимии тоҷик моро хеле хушҳол намуд ва Тоҷикистон барои гузаронидани чунин чорабинии сатҳи байналмиллалӣ хеле мусоиду муносиб аст. Мехостам пеш аз ҳама ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдории бепоёни худро расонам.

Баъд аз суханронӣ дастаҳои мунтахаби иштирокчии чемпионат маросими гузаштро анҷом доданд, ки ҳар яки онҳоро сокинони бофарҳангу меҳмоннавози Душанбе бо як самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар фарҷом барои болидахотирии меҳмонони олиқадр барномаи консертӣ доир карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ аз 25 то 30 марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳҳои кишвар баргузор хоҳад гашт.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд