Дар Душанбе масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии Тоҷикистон ва Кореяро баррасӣ намуданд

Март 5, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии Тоҷикистон ва Корея, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 3 март зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Сум баррасӣ гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Корея ва рушди минбаъдаи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд.

Инчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва ҷудо намудани маблағҳои грантии ҷониби Корея барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ, энергетика ва ғайраҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Март 5, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад