Дар Душанбе вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшонро муҳокима намуданд

Март 4, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода тазаккур дод, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди ВМКБ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати пешрафти вилоят пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, айни ҳол татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи аҳолии вилоят ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021–2025”-ро қабул намуд, ки он ҳоло дар раванди татбиқ қарор дорад. Дар доираи он амалисозии 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Директори Марказ иброз дошт, ки чунин тадбирҳои саривақтӣ ва огоҳонаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби рушди фарогири ВМКБ гардидаанд. Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар маҷмӯъ 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии 7 лоиҳаи дигар дигар ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи “Доир ба баъзе масъалаҳои иҷтимоии ВМКБ дар замони Истиқлолият” иброз намуд, ки “дар давраи Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҷамъиятии вилоят, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.

“Натиҷаи тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурист, ки то имрӯз дар вилоят дар баробари навсозии иншооти соҳаи маориф, 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудаанд. Танҳо соли 2021 дар ҳудуди вилоят 11 бинои нави таълимӣ бо 2135 ҷойи нишаст бунёд гардида, инчунин соли 2021 сохтмони 8 бинои иловагӣ барои 1000 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуд. Аз ҳамин ҷост, ки сатҳи таълим ва саводнокии хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии вилоят назар ба дигар минтақаҳои кишвар баланд аст”,-зикр намуд А.Қурбонов.

Изҳор гардид, ки соҳаи тандурустии вилоят низ дар баробари соҳаи маориф соҳиби рушди устувор гардидааст. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тандурустӣ сармоягузориҳои бузург равона карда мешаванд. Масалан, соли 2021 барои соҳаи тандурустии ВМКБ аз буҷети давлат 92 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 дарсад зиёд мебошад.

 

АКСҲО: МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд