Дар Хуҷанд озмуни «Гранти раиси шаҳр ба занони ҳунарманд ва эҷодкор» дар ҳаҷми 165 000 сомонӣ эълон гардид

Март 31, 2022 14:49

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни «Гранти раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2022» эълон намуд, ки аз 40 грант иборат буда, маблағи умумии он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд   хабар доданд.

40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳашт ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 панҷ ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3  се ҳазор сомонӣ мебошанд.

Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор» ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ сурат мегирад.

АКС: МИҲД-и ш. Хуҷанд

Март 31, 2022 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид