Дар «Кохи Борбад» намоиши молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 25, 26 ва 27 март сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд, дар «Кохи Борбад»-и пойтахт аз намоишгоҳи молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ боздид ва харид намоянд, хабар доданд дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022» гузаронида шуда, дар он беш аз 30 ширкату корхонаҳои истеҳсолию маишии Тоҷикистон, назири «Рамазон», «Файзи Расул», «Покиза», «Ҳавас», «Баҳори пурфайз», «Мармарӣ», «Кок», «Раҳмат-2004», «Шоколатье», «Шири Душанбе», «Молочная радость», «Фаровон-1», «Авицена», «Сиёма», «Шоҳамбарӣ», «Артел», «Рамис», «Химус», «Евродент», Маркази зебоии «Сафия», «Қолинҳои форс», «Parimatch», «Ҳимоя» молу маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳоро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ширкати «Тайрон» дар доираи лоиҳаи «Тағмаи писандидаи Тоҷикистон-2022» ташкил карда шуда, ҳадафаш тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба беҳдошти сифати маҳсулот, коҳиши нархи маҳсулот дар бозор ва дастгирии соҳибкорони тоҷик мебошад. Маҳз соҳибкорон неъматҳои моддӣ офарида, иқтисодиёти кишварро рушд медиҳанд ва ба сол то сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз намоишгоҳи молҳои истеҳсоли ватанӣ- гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ, сметана, торт, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои табиии мевагӣ, обҳои газноку минералӣ ва анвои дигари маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин маводи шустушӯӣ, гилему қолинҳои хушранг, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Дар намоишгоҳ барои меҳмонон ҳамчунин мавзеи дилхушӣ ташкил шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






