Дар Суғд ҳамкорӣ ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд

Март 31, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март зимни вохӯрии Раиси кулли  Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов  бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоглу масъалаҳо оид ба фазои сармоягузории вилояти Суғд, иқтидори иқтисодӣ, таҳлили робитаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов оид ба фазои сармоягузории вилояти Суғд, иқтидори иқтисодӣ, таҳлили робитаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодӣ, бахшҳои ояндадори иқтисодиёт, инчунин инконият ва имтиёзҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ки дар онҳо сармоягузории Туркия имконпазир аст, ба Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоглу маълумоти васеъ пешниҳод намуд.

Ҷаҳонгир Фикрӣ дар бораи фаъолияташ дар чаҳорчӯби Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо, зарурати баргузории вохӯриҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ сухан гуфта, соҳибкорони вилояти Суғдро барои иштирок дар форуми тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Измир доир мегардад, даъват намуд.

Дар  ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳое, ки ҳарду ҷониб нисбат ба он мароқ зоҳир намуданд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд доираҳои тиҷоратии Туркияро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд – 2022», ки моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС: ПССТ дар вилояти Суғд

Март 31, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд