Доир ба гузаронидани Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи 3-юми байналмилалии гӯштингирӣ ҷаласа баргузор шуд

Март 3, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 03.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нахустин Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур муаррифии гӯштини миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии варзишгарон ва оммавияту солимгардонӣ мебошад.

Роҳбари кумитаи тадорукот иброз намуд, ки ин навбат низ бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаҳо қарори дахлдор аз 25 феврали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, тибқи он вазифаҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқот ба масъулин пешниҳод карда шуданд. Аз ин рӯ, аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқот масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри амалӣ намудани дустуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе тадбирҳои саривақтӣ андешем.


Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 баргузор мегарданд.

 

АКСҲО: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 3, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд